Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
REGNUM. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва ҳамтои беларусаш Александр Лукашенко ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ якдигарро аз тадбирҳое воқиф намуданд, ки дар кишварҳояшон дар мубориза алайҳи коронавирус андешида мешаванд.
Gazeta.ru. Бо фармони Президенти Россия Владимир Путин сарвари ҶХДК Ким Чен Ин бо медали ҷашнии «75 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардид, - иттилоъ дод сафорати Россия дар ин мамлакат.
Reuters. Дар Бангладеш ширкати дорусозии Beximco ҳамин моҳ ба истеҳсоли доруи «Ремдесивир», ки қаблан истифодааш дар ИМА барои табобати беморони COVID-19 иҷозат дода шуд, шурӯъ менамояд.
REGNUM. Дар вилояти Кирови Россия бори нахуст дар ҷаҳон озмоиши ваксина аз варами ҳароммағз чун воситаи табобати коронавирус гузаронда мешавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1489