logo

Хабарҳо

ЛУКАШЕНКО САРОНИ ДАВЛАТҲОРО БА ПАРАДИ 9 МАЙ БА МИНСК ДАЪВАТ НАМУД

БЕЛТА. Сарвари Беларус Александр Лукашенко роҳбарони кишварҳои минтақаро ба паради Ғалаба дар Минск хонд.
Расман сарони мамлакатҳоро, ҳеҷ набошад аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, даъват дорам, ки ба пойтахти мо оянд, - гуфт Лукашенко.  Ӯ Беларусро «ёдгории зиндаи ҷанг» ном гирифт. Маҳз ба ҳамин ваҷҳ, ба пиндори ӯ, дар солгарди Ғалаба бояд  раҳбарони кишварҳои ҳамсоя дар Минск ба ҳам оянд.

КОРШИНОСИ ШВЕД ДУ ВАСИЛАИ АСОСИИ МУБОРИЗА БО SARS-COV-2-РО НОМ БУРД
РБК. - Инҳо шустушӯи даст ва риояи фосила мебошанд, - гуфт мушовири ҳукумати Шведсия ва котиби генералии СҶТ, эпидемияшинос Юхан Гизеке.
Коршинос мутмаин аст, афзалияти дигар тадбирҳои қатъӣ алайҳи пандемия яқин нест. Аз ҷумла, дар Шведсия сахттар кардани назорати марзиро зарур намешуморанд, зеро ҳар кишвар манбаъҳои афзояндаи коронавирусро дорад. Аз ин рӯ, ҳоҷати хавотирӣ аз воридшавии беморӣ аз хориҷа нест.
Гизеке, ҳамчунин, сатҳи баланди интизомнокии мардуми мамлакатро зикр намуд, ки ба тавсияи ҳукуматдорон ҷиҳати риояи фосила гӯш медиҳанд.

АЗ 11 МАЙ КОРХОНАҲОИ АСОСИИ ТУРКИЯ БОЗ БА КОР МЕДАРОЯНД
АИР «Новости». Аз ин хусус мардуми кишварро вазири саноат ва технология Мустафо Варак воқиф сохт.
Чанде пештар президенти Туркия Тайип Эрдуғон нақшаи тадриҷан ба ҳаёти муътадил баъди пандемияи коронавирус баргаштани мамлакатро эълом дошт. Ӯ афзуд, ки дар давраи соати комендантӣ, ки моҳҳои апрел ва май бинобар пандемия тамдид шуд, қариб 17 ҳазор ширкат фаъолияташро идома медод.
Тавре вазири тандурустӣ Фахриддин Хоҷа иттилоъ дод, шабонарӯзи гузашта теъдоди фавтидагон аз коронавирус 59 нафарро ташкил дод, ки дар моҳи охир рақами камтарин аст. Шумораи умумии гирифторони вируси нав қариб ба 130 ҳазор дакка мехӯрад.

ИТАЛИЯ ФИШОРИ КАРАНТИНРО САБУКТАР МЕКУНАД
The Guardian. Дар Италия лағви давра ба давраи маҳдудияти карантин оғоз ёфт.
Зикр меравад, ки ба италиёиҳо бо пӯшидани ниқоб аз 4 май барои рафтуомад дар ҳудуди минтақаи худ иҷозат дода шуд.   Ҳамчунин, тақрибан 4,5 миллион нафар дар корхонаҳои саноатӣ ва иншооти сохтмон ба кор мебароянд. 
Қаҳвахонаю тарабхонаҳо низ имкони фаъолият пайдо мекунанд, лекин бояд аз остона фармудаашонро гирифта баранд. Дар маросими дафн метавонанд то 15 нафар иштирок намоянд. Зимни ин, дигар маъракаҳои оммавӣ ҳамоно манъанд.

ҚИРҒИЗИСТОН: АЗ КАРАНТИНИ ХОНАГӢ 55 ҲАЗОР НАФАР БАРОМАДАНД
REGNUM. Дар кишвар бо ин намуди карантин беш аз 83, 6 ҳазор нафаре, ки аз дигар давлатҳо омада буданд ё бо ашхоси сироятёфта тамос доштанд, фаро гирифта шуданд.
Аз карантин, аллакай, зиёда аз 55 ҳазор сокини кишварро, ки дар онҳо сироят тасдиқ нашуд, ҷавоб доданд. Айни замон наздики 28, 6 ҳазор гумонбар дар карантин қарор дорад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1425
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед