logo

Хабарҳо

ПАЙРАВИ ПЕШВО. АМАЛИ ХАЙРИ ШОҲРУХ САИДЗОДА

Тавре иттилоъ дода будем, чанде пеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мубориза бар зидди паҳншавии пандемияи коронавирус аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди махсус 12, 4 миллион сомонӣ ва маоши якмоҳаашонро гузаронданд.
Дар пайрави ба ин иқдоми башардӯстонаи Сарвари давлат, президенти тими «Истиқлол» - и шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода маоши солонаи худро ба суратҳисоби фонди пешгирӣ аз паҳншавии пандемияи COVID – 19  дар ҷумҳурӣ гузаронд.
Дар ин бора аз дастаи  «Истиқлол» ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд.

ФУТБОЛ. ДАСТАҲОИ ЛА ЛИГА БА МАЙДОН БАРМЕГАРДАНД
Пас аз танаффуси қариб думоҳа бинобар авҷ гирифтани коронавирус ахиран вазорати варзиши Испания ба дастаҳои Ла Лига иҷозат дод, ки ин ҳафта тамринҳои хешро оғоз кунанд. 
Тибқи иттилои сомонаи Ла Лига, ҳайати кормандон ва футболбозон қабл аз оғози тамрин аз ташхиси табибон гузаронда мешаванд. Дар навбати аввал тамринҳо инфиродӣ сурат мегиранд.
Ҳукумати Испания нақшаи дигарбора бозгашти футболбозонро ба машқҳои мунтазам тарҳрезӣ кардааст, ки он аз якчанд марҳила иборат мебошад.
Дар пайи ин дастур, дастаҳои Ла Лига бозиҳои худро аз 5-ум ё 12 июн бидуни мухлисон идома медиҳанд. Тавре гуфта мешавад, бозиҳои чемпионати Испания дар 4 варзишгоҳ гузаронда хоҳад шуд.
Шурӯъ аз 18 май машқҳои ҷуфтӣ ба роҳ монда шуда, дар майдон 6 кас тамринро якҷоя мегузаронанд ва дар сурати беҳтар гардидани ҳолат аз 25 май шумораи бозигарон дар тамрин ба 8 нафар расонда мешавад. Агар хуруҷи коронавирус дар Испания коҳиш ёбад, марҳилаи омодагии асосӣ расман аз 1 июн оғоз мегардад.

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. ҲОЛО ҲАМ КАСЕ АЗ ЗИДАН ГОЛИ ЗЕБОТАР НАЗАДААСТ
Маҷаллаи France Football рӯйхати Топ-10 беҳтарин голҳоро дар таърихи Лигаи чемпионҳо мунташир кард, ки ҳанӯз ҳам голи ба дарвозаи «Байер» задаи Зайниддин Зидан зинаи аввалро ишғол менамояд.
Топ-10 гол аз рӯи фарзияи France Football:
Зайниддин Зидан («Реал», ба дарвозаи «Байер» соли 2002), Мауро Брессан («Фиорентина», ба дарвозаи «Барселона» соли 1999), Криштиану Роналду («Реал», ба дарвозаи «Ювентус» соли 2018), Деян Станкович («Интер», ба дарвозаи «Шалке – 04» соли 2011), Филипп Мексес («Милан», ба дарвозаи «Андерлехт» соли 2012), Гарет Бэйл («Реал», ба дарвозаи «Ливерпул» соли 2018), Майкл Эссйен («Челси», ба дарвозаи «Барселона» соли 2009), Марио Манжукич («Ювентус», ба дарвозаи «Реал» соли 2017), Роналдинйо («Барселона», ба дарвозаи «Челси» соли 2005) ва Аарон Рэмзи («Арсенал», ба дарвозаи «Галатасарай» соли 2014).

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1570
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед