logo

Хабарҳо

ТУҲФАИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

Иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зери пуштибонии доимии давлату Ҳукумат қарор дошта, ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Ғалаба бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.
Тавре аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, имсол ба муносибати 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёрдампулиҳои яквақтаинаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як иштирокчии ҶБВ дар ҳаҷми 6000 сомонӣ расонда шуд. Туҳфаҳои пулии Пешвои миллатро намояндагони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зимни аёдат ба онҳо тақдим намуданд. Ҳаҷми туҳфаҳое, ки исмол иштирокчиёни ҶБВ гирифтанд назар ба як соли пеш 1000 сомонӣ зиёд аст.
Ҳамзамон, дар барорбари туҳфаҳои молии Сарвари давлат, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар роҳбарони идораҳои марбути давлатӣ низ ба иштирокчиёни ҶБВ ёриҳои пулӣ расонданд. Аз ҷумла, бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба ифтихори 75-солагии Ғалаба барои собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист ва чернобилчиён аз ҳисоби буҷети пойтахт беш аз 351 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ба 46 иштирокчии ҶБВ, ки дар пойтахт ба сар мебаранд, ёрии молиявӣ ба ҳар нафар дар ҳаҷми 1500 сомонӣ, ҷанговарони интернатсионалист ва чернобилчиён дар ҳаҷми 800 сомонигӣ кумаки пулӣ расонда мешавад.
Айни замон дар Тоҷикистон аз 208 ҳазор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 184 нафар дар қайди ҳаётанд. 
Боиси тазаккур аст, ки сатҳи иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии хуби собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, барои онҳо як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла ташкили табобату истироҳати ройгон дар истироҳатгоҳҳои мамлакат, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намуди дастгириҳо, ҷорӣ гардидааст.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1458
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед