logo

иҷтимоиёт

КОРОНАВИРУС. 85 ДАРСАДИ ШАХСОНИ ГИРИФТОР БИДУНИ ТАБОБАТ СИҲАТ МЕШАВАНД

Суҳбати табиби эрониасли амрикоӣ бо шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»-и Тоҷикистон

5 май дар барномаи «Робита»-и телевизиони «Ҷаҳоннамо» роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ вобаста ба хусусиятҳои бемории COVID – 19 ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз он ба таври онлайн бо журналист Мӯсо Абдусаттор суҳбат намуд. Сипас,  суҳбати мазкур рӯзҳои 6 ва 7 май чанд маротиба тариқи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва «Синамо» низ ба самъи бинандагон расонда шуд.
Ин барнома  дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ  вокунишҳои мусбати зиёди корбаронро  ба миён овард.
Доктор Ораш Алоӣ, ки муқими шаҳри Ню-Йорки Амрикост, барои  табибони  Тоҷикистон чеҳраи ошно мебошад. Ӯ чанд сол аст, ки ба унвони мушовири байналмилалӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз табибони  тоҷик  дар хатти  пеши мубориза бо коронавирус  қарор доранд ва ошноӣ бо таҷрибаи табибони кишварҳои дигар, бидуни шак, барои онҳо муфид хоҳад буд.
Дар зер матни суҳбати хабарнигор Мӯсо Абдусатторро бо  роҳбари Институти ҷаҳонии саломатӣ ва омӯзиш Ораш  Алоӣ манзури хонандагон мегардонем:

ХАБАРНИГОР: Аз нигоҳи шумо, COVID – 19 чӣ гуна вирус аст? Оё иқлими Тоҷикистон метавонад хатари оқибатҳои нохуши онро коҳиш диҳад?

ОРАШ АЛОӢ: Бубинед, омили бемории бо номи COVID – 19 коронавирус аст, ки дониши башар ин вирусро солҳо, даҳаҳост, ки мешиносад. Яъне, омили бемории коронавирус ношинохта набудааст. Лекин мушкил ин аст, ки намуди вирус манбаи ҳайвонист, дар ин замон тағйир ёфта, ҷаҳиши генетикӣ кардааст ва бемории нав эҷод намудааст, ки ин бемориро бемории нав падидоршуда мегӯянд. Ин вирус соли 2002 низ бо номи «SARS» дар бадани инсон намуди нав пайдо кард, ки аз ҳайвоноте ба инсон интиқол ёфта буд. Ва, баъдан, соли 2012 дар баҳри Миёназамин, дар  Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб  бо номи «MERS» ва ҳоло ин намуди сеюми беморист, ки бо номи COVID – 19 ба инсон интиқол ёфтааст.
Бемориро мо мешиносем. Вирусҳо барои он ки зиндагӣ кунанд ва паҳн шаванд, ниёз ба як организми ё ҳуҷраи зинда доранд. Ин ҳуҷраи зинда барои COVID – 19 шуш аст. Вирусҳо ба шуш аз роҳи бинӣ ва даҳон ворид мешаванд. Онҳо дар шуш паҳн  мегарданд ва бадани инсон аз онҳо ҳимоят мекунад. Механизми ҳимоявии организм ҳаракат мекунад ва ба мубориза ва аз байн бурдани вирус оғоз менамояд. Муборизаи байни вирус ва масунияти инсон дар шуш мушкилоти химиявиро ба вуҷуд меорад, ки дар баъзе афрод ба марг оварда мерасонад.
Бар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи ҷаҳоние, ки мо медонем, 85 дарсади шахсони гирифтор ба COVID – 19 бидуни табобат сиҳат мешаванд, ё тамоман аломат надоранд ва ё нишонаҳои хеле сабук доранд. 15 дарсади баъдӣ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. 10 дарсади онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва 5 дарсади дигар бояд ба беморхона раванд. Аз 1 то 3 дарсад ва ё дар баъзе ҳолатҳо то 5 дарсад мефавтанд.
Пас мо ба як беморие рӯ ба рӯ ҳастем, ки дар шушҳо пайдо мешавад.
Дар робита ба иқлим бояд бигӯям, ки дониши башар ба ин намуди беморӣ ҳамагӣ 3 – 4 моҳ шинос аст ва намедонем, ки ҳарорати замин вақте ки гарм мешавад ё ин ки сатҳи замин аз сатҳи баҳр баланд ё паст аст, оё иқлим метавонад ба он таъсир расонад? Барои ин бояд каме вақт гузарад ва тобистон шавад ва бубинем, ки чӣ мешавад. Лекин чанд нуктаи муҳимро мо медонем, ки агар вирус аз даҳон хориҷ шавад, дар фазое, ки берун аз даҳон аст, аз 1 то 3 соат зиёд наметавонад зинда бимонад. Агар дар даст бичаспад ва даст ба дастаҳои дар ё дастқапҳои автобус ё ҷойҳои дигар бирасад, вирус метавонад то чанд рӯз зинда монад. Бо ин сабаб, мо, комилан, табобати хос надорем ва пешгирӣ барои ин вирус қатъи назар  аз он ки дар чӣ шаҳру чӣ ноҳия ҳастем, бисёр муҳим аст.
Дар Ню-Йорк, бо назардошти имконоти мавҷуда, беш аз 170 ҳазор нафар бо сабаби риоя накардани гигиенаи шахсӣ бемор шудаанд. Мо медонем, ки вирус аз даҳон хориҷ мешавад ва бинобар ин даҳонро бояд пӯшонем. Агар ниқоб дорем, истифода барем ва агар набошад, ташвиш накашед, метавонед пахта бигиред ва худатон ниқоб созеду даҳонро пӯшонед.

ХАБАРНИГОР: Чун шумо аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ёдовар шудед, имрӯз риояи қоидаҳои санитарӣ ва дар хона мондан барои мардум то чӣ андоза муҳим мебошанд?

ОРАШ АЛОӢ: Бисёр муҳиманд. Тамоми дунё бояд ин қоидаҳоро риоя кунад. Чун мо медонем, бо як беморие сарукор дорем, ки ҳеҷ халқе, ҳеҷ ҷумҳурие аз он масуният надорад. Ҷаҳонгир шудааст. Бо ин сабаб, бояд ҳамаи аҳолии ҷаҳон даст ба дасти ҳам гирем ва қоидаҳои гигиениро риоя кунем, то тавонем ин бемориро назорат намоем.

ХАБАРНИГОР: Як гурӯҳ аз одамон метавонанд бе ягон аломат ин вирусро пушти сар кунанд. Оё онҳо ҳам метавонанд манбаи сирояти дигарон шаванд?

ОРАШ АЛОӢ:  Вирус дар бадани онҳо ҳаст. Он механизме, ки боиси аломат мешавад, шиддати системаи масуният бар муқобили вирус аст. Дар касоне, ки миқдори ками вирус вориди баданашон мешавад, масунияти бадан нисбатан мулоим ҷавоб медиҳад. Бо ин сабаб, нишонаҳо дар онҳо кам мешаванд. Лекин вирус дар бадани онҳо паҳн мешавад ва онҳо манбае ҳастанд, ки ба дигарон вирусро интиқол медиҳанд.
Мушкиле, ки дар Ню-Йорк ва ҷаҳон пеш омад, ин буд, ки гумон карданд, ҳар касе, ки ҳарорати баданаш баланд аст ва ё сулфа мезанад, COVID – 19 дорад. Бинобар ин, касонеро, ки ҳарорати баланд доштанд ва ё сулфа мезаданд, ба карантин фаро гирифтанд. Баъдан, диданд, ки ин беморӣ паҳн шуд, ба муайян кардани сабабаш пардохтанд. Маълум шуд, ки дар бадани аз 30 то 50 дарсади шахсони аломатнадошта вирус вуҷуд доштааст ва онҳо онро ба дигарон интиқол медиҳанд. Ин нукта барои шаҳрвандони Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Сарфи назар аз он, ки аломат доред ё надоред, яъне сулфа ё ҳароратбаландӣ, ҳама бояд қоидаҳои аввалияи гигиениро риоя кунед. Якум, даҳонро бо ниқоб пӯшонед. Дувум, дастҳоро зуд-зуд бишӯед ва агар имкон бошад, дастпӯшак пӯшед, чунки дастҳо метавонанд ба пул, дастаи дар, девор ё ҷойҳои дигар ва, баъдан, ба чашм бирасанд. Севум, дар маконҳое, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд, 2 метр фосиларо риоя кунед.
Дар Ню-Йорк беш аз 5 ҳафта аст, ки танҳо фурӯшгоҳҳои хӯрокфурӯши бозанд. Боқӣ мактабҳо, донишгоҳҳо ва дигар идораҳо ҳама дар таътиланд.
Дар фурӯшгоҳе, ки хӯрока мегиред, бояд 2 метр фосиларо риоя кунед. Дар дохили нақлиёт ҳам бояд ин амал риоя шавад. Сабаби асосии паҳншавии ин беморӣ дар Ню-Йорк дохили метро ва автобусҳо буд, чунки мардум ба ҳам наздик буданд.
Касоне, ки сулфа доранд ва ҳарорати баданашон баланд аст, бояд дигар берун набароянд. Онҳо бояд дар як ҳуҷраи алоҳида танҳо бошанд. Суол ба миён меояд, ки мо кай ба беморхона биравем? Дӯстони азиз, нигоҳ кунед, дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, неруи давлат, вазорати тандурустӣ ва табибон ҳама дар хидмати мардуманд. Лекин мардум ҳам бояд қоидаҳоро риоя кунанд, то онҳо тавонанд хизматрасонияшонро бо касоне, ки ниёзи ҳатмӣ доранд, бирасонанд. Ба ҳамаи касоне, ки бо COVID – 19 мубтало мешаванд, шарт нест ба беморхона раванд. Шахсоне, ки сулфа доранд, ҳарорати баданашон баланд аст ё тез-тез нафас мекашанд (ба шарте ки дар як дақиқа камтар аз 25 бор нафас кашанд), дар як ҳуҷраи хона ҷудо бимонанд ва бо касоне, ки дар он хона ё ҳавлӣ ҳастанд, иртибот нагиранд. Дарро банданд ва, ҳатман, тирезаҳоро боз кунанд. Аҳли оила вақте хӯрок меоранд, пушти дар гузоранд, ҳатман ниқоб дошта бошанд ва дастҳоро бишӯянд. Агар ҳарорат аз 39 дараҷа боло рафт ё ин ки нафаскашӣ дар як дақиқа аз 25 маротиба зиёд шуд, он вақт бояд ба пизишк муроҷиат кунанд. Ва агар чунин набошад, ба ташхис ва антибиотикҳо ниёз нест ва масрафи беҳуда накунанд. Оби гарм нӯшанд ва қоидаҳоро риоя кунанд, баъд аз 2 ҳафта хуб мешаванд.

ХАБАРНИГОР: Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки тарсу ҳароси мардум аз ин вирус вазъият ва кори табибонро мушкил намуд.  Аз назари шумо, амалкарди мардум дар муқобили ин вирус бояд чӣ тавр бошад?

ОРАШ АЛОӢ:  Мо медонем, ки ин беморӣ метавонад то 5 дарсад, дар баъзе мавридҳо то 3 дарсад фавт дошта бошад. Вале муҳим ин аст, ки оё мо битарсем ё ин ки ҳушёр бошем. Мо бояд ҳушёр бошем ва хуб бидонем, ки чӣ кор бояд кунем. Агар битарсем, хато мекунем. Баъзе касон сулфа мезананд ё ҳарорати баланд доранд, ба ташвиш афтода, сарсону саргардон ба ин ё он беморхона мераванд. Онҳо бояд ба тавсияҳои табибони худ, вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбута итминон дошта бошанд, зеро изтироб ҳеҷ кореро ҳал намекунад. Ҳамон тавре гуфтам, агар нишонаҳои ин бемориро дар худ эхсос кардед, дар хона монед. Агар аломатҳои ин бемориро надоред, боз ҳам ду ҳафтаи дигар дар хона монед, чунки мардум ҳарчи бо ҳам наздик бошанд, ин вирус ҳамон қадар зуд паҳн мешавад. Дар шаҳри Ню-Йорк мо 7 ҳафта боз дар хона ҳастем. Фақат ба хотири ифои вазифаи табибии худ ба беморхона меравем ва бубинед, ки дар Ню-Йорк рӯз ба рӯз теъдоди сироятёфтагону фавтидагон дар ҳоли коҳишёбист. Дар шаҳри Ухани Чин ҳам ҳамин тавр аст. Пас худи мардум ҳам бояд дар ин самт кумак кунанд. Ягон давлатеро дар ҷаҳон наметавон пайдо кард, ки коронавирусро дар танҳоӣ идора карда бошад. Бояд ҳамкории зич миёни мардум ва идораҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад.

ХАБАРНИГОР:  Дуруст қайд кардед, ки ин кори дастаҷамъист. Табобати ин беморӣ чӣ қадар вақтро дар бар мегирад, дар куҷо ва чӣ қадар гузаронда мешавад?

ОРАШ АЛОӢ:  То имрӯз ягон табобати қатъӣ барои COVID – 19 пайдо нашудааст. Доруи «Ремдесивир», ки аксаран иддао доранд, ки бар зидди бемории COVID – 19 ҳаст, ягон асос надорад. Қаблан, ин дору барои бемории Эбола истифода мешуд ва танҳо метавонад шиддати ин бемориро кам ва давраи онро кӯтоҳ кунад. Пас, бояд гуфт, ки зарурат ба харид ва истифодаи ин дору барои беморони COVID – 19 нест. То имрӯз ягон доруи аниқ надорем. Касоне, ки ташхисашон  COVID – 19 нишон додааст, ниёз ба табобат надоранд. Танҳо мебояд шуурнокӣ ва фаҳмиши худро боло баранд ва дар хона танҳо бимонанд, то ин бемориро ба дигарон интиқол надиҳанд. Тавре дар боло гуфтам, 90 дарсади гирифторони ин беморӣ ниёз ба истифодаи дору надоранд.

ХАБАРНИГОР: Марҳилаи  беморӣ  чӣ  қадар  вақтро  дар  бар  мегирад?

ОРАШ АЛОӢ:  Аз  вақте ки  вирус  вориди  бадан  мешавад, мо як  замон ва аз вақте ки  аломатҳо  падидор мешаванд, замони  дигар дорем. Аз замоне ки  аломатҳо  пайдо  гардида, паст мешаванд, як  ҳафта баъд дигар  ин фард на худаш бемории вирусро дорад ва на ба  дигарон  вирусро  паҳн  мекунад, лекин  агар сулфа мезанад эҳтимол он чанд ҳафта тӯл кашад. Ҳастанд нафароне, ки мушкилоти  шуш ё бӯёӣ  доранд, чун дар касоне, ки ба COVID – 19 гирифтор мешаванд, дар чанд  дарсадашон ҳисси бӯёӣ аз байн  меравад ва мазаро  хуб  эҳсос  намекунанд. Бинобар ин, бояд ба ташвиш наафтанд, чунки эҳтимол  он чанд ҳафта ё, баъзан, чанд моҳ тӯл мекашад. Муҳим  нест, ки  шумо  аломат  доред ё  надоред, муҳим он аст, ки  аз ду то се ҳафтаи оянда, ки  шурӯи паҳншавии COVID – 19 дар  Тоҷикистон ҳаст, қоидаҳои гигиениро риоя кунед.

ХАБАРНИГОР: Агар  нафаре, ки  як бор  ба  ин  беморӣ  дучор  шуд, метавонад, ки  бори  дуюм гирифтор  шавад?

ОРАШ АЛОӢ:  То имрӯз мо ягон санад ё таҳқиқе дар даст надорем, ки нишон диҳад, ки  як нафар аз ин беморӣ сиҳат шудаасту дубора  ба он гирифтор шуда бошад. Шояд баъзе касон дар интернет  хонда бошанд, ки  ду - се  нафар  дар  Ҷумҳурии Корея дубора мубтало шудаанд. Ё мисоли дигар, ду  нафар  дар  Бразилия таҳқиқи дубора карданд. Ин навбат меъёри  ташхисии онҳо  навъи  лабораторӣ ё озмоишгоҳии онҳо  дастгоҳи  писиор  буд. Он  дастгоҳи   писиор  кораш дидани вирусҳо мебошад. Баъдан, муайян шуд, ки ҳангоми ташхис ба иштибоҳ роҳ дода шудааст. Фақат  муҳим аст, бидонем, ки  кай  ба кор  биравем, чун ҳеҷ кишваре  дар  дунё  наметавонад,  ки  тамоми  мардумро  дар  хона нигоҳ дорад ва фабрикаҳову корхонаҳоро бандад. Мардум  ниёз  ба  фаъолият  ва кори  рӯзона  дорад, ки  зиндагиашро пеш барад. Ҳатто  дар  Амрико  низ ҳамин  баҳс  аст.

АМИТ "Ховар"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.05.2020    №: 89    Мутолиа карданд: 79
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед