logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ВАҚТЕ ЗАН БА ФРОНТ МЕРАВАД...
Чанд сатр аз қаҳрамониҳои бонувони тоҷикистонӣ дар ҶБВ
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 32 ҳазор ҷавондухтар ва занони тоҷикистонӣ баробари мардон ба фронт рафтанд. Аз онҳо 350 мерган (снайперчӣ), 1420 автоматчӣ, 435 телеграфист, 3750 телефонист ва 4195 нафар тирандоз буданд.
Ин фарзия нест, балки ҳақиқатест, ки таърихнигори маъруфи тоҷик, профессор Роҳат Набиева дар китоби худ «Занони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» зикр намудааст. Бино ба шаҳодати муаллиф Нина Любовскаяи тоҷикистонӣ ба сифати мерган дар ҳарбҳои назди Москва 89 афсари немисро сари тир кардааст. Қаҳрамони дигар София Ниёзова дар тӯли 5 соли ҷанг дар Украина ҳазорҳо нафар ярадорро аз марг наҷот дод. Ойгул Муҳаммадҷонова ва Иномҷон Қурбонова дар ҷанг халабони ҳавопаймо буданд.
Сайфулло АШУРОВ


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

БАХШИДА БА «РӮЗИ ҒАЛАБА»
1. Номи қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
2. Насаби қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
3. Насаби қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
4. Номи қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
5. Насаби қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
6. Номи қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
7. Насаби қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
8. Насаби қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
9. Насаби қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
10. Номи қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
11. Номи қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
12. Насаби қаҳрамони ҶБВ аз Тоҷикистон.
13. Номи шаҳре, ки дар он қаҳрамоне аз Федератсияи Россия зиндагӣ дошт.
Таҳияи Абдукабир ЗУБАЙДУЛЛОЕВ, сокини ноҳияи Айнӣ

ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ДАВЛАТҲОИ ҶАҲОН» АЗ 1 МАЙИ СОЛИ 2020
1. Австралия. 2. Мавритания. 3. Колумбия. 4. Ямайка. 5. Бруней. 6. Самоа. 7. Кения. 8. Непал. 9. Бутан. 10. Конго. 11. Кипр. 12. Руанда. 13. Испания. 14. Уганда. 15. Тунис. 16. Канада. 17. Қатар. 18. Дания.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Аз ҳар анвои лазизи болои хон агар чошние бигирӣ, кофист, ки беҳтарин ношто шавад. Вале аз коса-коса мастобаву ҷурғот, сарширу маскаи тарак ҳам бояд чашид. Яке тарғиб мекунад, ки истеъмоли мағзу мавиз ва баргаки зардолуи қандак дар саҳаргоҳ беҳтарин дармону қувватбахши дил аст. Шӯхии доимии устод Боқӣ Раҳимзода ба ёд меояд. Марде дар чунин ҳолат чашм аз дастархони пурнеъмат наканда, лаб ба муноҷот мекушояд: «Э Худо, ё ҷонамро бигир ё шикамамро калон бикун».
* * *
Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,
Суханшинос наӣ, ҷони ман , хато ин ҷост.
Сарам ба дуниву уқбӣ фурӯ намеояд.
Таборакаллаҳ аз ин фитнаҳо, ки дар сари мост.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 1 МАЙИ СОЛИ 2020
Сорбон
Ҳабиб Юсуфӣ

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули  рубрика  ЗУЛОЛА  БОБОРАҶАБОВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МЕДАЛ «БАРОИ КАПУСТ»
Аз рӯйи одат, Александри II шахсан худаш дар машқҳои ҳарбӣ ширкат меварзид. Дар рафти чунин як озмоиш, ки дар майдони кушод барои пиёдагардон ташкил шуда буд, карамзори заминдоре зери пойи аскарон хароб мегардад. Рӯзи дигар Император помешикро назди худ хонда, мепурсад:
- Бигӯед, ки мо чӣ гуна зарари ба зироати шумо расидаро ҷуброн созем?
Помешики доно пеши пойи шоҳ афтида, ба зорӣ мезанад:
- Аълоҳазрат, ҷуброн лозим нест, агар аз дасти мубораки шумо як медал мегирифтам, тамоми ранҷҳои заминдориямро фаромӯш мекардам.
- Бигзор хости шумо шавад, - мегӯяд Император ва ба ин маънӣ амр медиҳад: «Бо диаметри 30 сантиметр, вазни на кам аз 2, 5 килограмм аз нуқра медал омода карда, дар қисми болоии он бо ҳарфҳои зарҳалии калон «БАРОИ КАПУСТ» нависед. Заминдорро вазифадор намоед, ки медали мазкурро ҳамарӯза, сарфи назар аз сарулибос,  дар ҷойҳои серодами шаҳр дар гарданаш овехта гардад».
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима Қурбоналӣ


Усто Менделеев
Д. И. Менделеев, дар баробари он ки химики нотакрор буд, аз муқовабандии китоб ва сохтани ҷомадонҳо бениҳоят ҳаловат мебурд. Дар ин бора қиссае ҳаст, ки рӯзе ҳангоми аз дукон масолеҳ хариданаш, роҳгузаре наздик омада, аз фурӯшанда мепурсад:
- Ҳамин чеҳра бароям бисёр шинос метобад. Лутфан, мегуфтед, ки ин одам кист?
- Албатта, шинос метобад, охир ин кас ҷомадонсози номӣ, усто Менделеев мебошанд, - бо ифтихор мегӯяд фурӯшанда.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод Қурбоналӣ


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
16. Фурӯхтани Аляска
Вақте 18 октябри соли 1867  ИМА  Аляскаро аз Русия бо нархи 2 сент барои як акр (ҷамъ 7, 2 миллион доллар бо тилло) харида гирифт, ҳукуматдорони рус фикр карданд, ки он аз як тундраи бесамар беш нест. Вале дере нагузашта, аниқтараш солҳои 1880 – 1890, дар Аляска якбора истихроҷи бесобиқаи тилло ба роҳ монда шуд, ки то ҳол идома дорад. Бо назардошти он ки имрӯз Аляска дар истеҳсоли ин маъдани қиматбаҳо миёни иёлатҳои дигари муттаҳида баъд аз Невада ҷойи дуюмро мегирад, метавон гуфт, ки аз даст додани он аз хатоҳои бузурги таърихӣ буд.

17. «Сӯхтори ҷалғӯза»
Шикорчии навкамоне бо номи Серхио Мартинес аз Вест Ковинаи иёлати Калифорния, ки дар ҷангали наздикиҳои Сан Диего (San Diego) раҳгум зада буд, шабона хост гулхан гиронад. Мутаассифона, алангаи гулхани Серхио то ҳадде баланд шуд, ки имрӯз ҳамчун бузургтарин сӯхтор  дар таърихи Калифорния бо номи «Сӯхтори ҷалғӯза» боқӣ мондааст. Воқеан, гулхани мазкур майдони 1133 километри мураббаи ҷангалзорро ба коми оташ додааст.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА

СИНАСИПАРОН
АЗ ПАНКРАТОВУ МАТРОСОВ ТО ЭРЙИГИТОВИ ТОҶИК
Александр Панкратов дар баробари ҳазорон қурбонии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи диловаронест, ки номаш дар таърих зинда мондааст. Далели қаҳрамонии ӯ 24 августи соли 1941 дар ҳайати полки 125-танкистҳо бо синааш пӯшондани амбразураи дзот (мили пулемёти дар хандақ пинҳонкарда) - и немис бо ҳадафи пешгирии талафот ва ғасби мавқеи душман аз ҷониби ҳамяроқонаш аст. Аммо, таърихи шӯравӣ бори аввал рӯйкарди чунин қаҳрамониро ба Александр Матросов (соли 1943) нисбат медиҳад.
Баъдан маълум гардид, ки зиёда аз 300 нафар, аз ҷумла Тӯйчӣ Эрйигитови тоҷик ҳам, чунин қаҳрамонӣ кардаанд ва 45 мавриди он қабл аз Александр Матросов сабт шудааст. Тавре маълум, Тӯйчӣ Эрйигитов соли 1943 дар муҳорибаи Сталинград чунин корнамоӣ кард ва соли 1944 пас аз маргаш ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ҲУҚУҚШИНОСӢ
АЗ ВИЖАГИҲОИ КАСБӢ ТО ТАЛАБОТ ДАР БОЗОРИ МЕҲНАТ
Ҳуқуқшинос буданро барои оғози карераи хуб ихтисоси муҳим медонанд, ба ин далел, ки аз 45 президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 27 нафараш ҳуқуқшинос буд.
***
Луғат ва истилоҳоте, ки дар фаъолияти ҳуқуқшиносон корбурд мешавад, 15 ҳазор калимаро дар бар мегирад. Ин дар ҳолест, ки фонди луғавии кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ бо 1600 калима хатм мешавад.
***
70 дарсади ҷойҳои холии кор, ки дар бозори ҷаҳонии меҳнат пешниҳод мегардад, дар бахши ҳуқуқ ва иқтисодиёт мебошад. Ҳоло ниёз ба ҳуқуқшиносони соҳавӣ дар низоми бонкӣ, мақомоти андоз, корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ бештар гардида, мумкин аст, дар оянда ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО низ ба майдон оянд.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис РОЗИҚОВА


ТОП 10
Шаҳрҳое, ки бо шумораи зиёди биноҳои осмонбӯс машҳуранд

ГУАНЧЖОУ
Гуанчжоу сеюмин шаҳри бузург ва ҳамчунин, он яке аз марказҳои асосии илмиро техникӣ ва иқтисодии Чин мебошад.
Айни ҳол дар шаҳр 93 бинои осмонбӯс қомат афрохтааст. Биноҳои «Маркази байналмилалии иқтисодии Гуанчжоу», «CITIC Plaza», «Pinnacle», «Манораи Перл-Ривер» ва «Lea Top Plaza» зиёда аз 300 метр баландӣ доранд.
Аксарияти биноҳои баланд ҳамчун марказҳои хизматрасонӣ ва хонаҳои истиқоматӣ истифода мешаванд. Бинои 439 - метраи «Маркази байналмилалии иқтисодии Гуанчжоу» баландтарин дар шаҳр буда, бо номи «Манораи ғарбӣ» машҳур аст.
Таҳияи Комрон ЗИКРУЛЛО


САРБОЗИ 14 – СОЛАЕ, КИ ҚАҲРАМОНИ ИҶШС ШУД
Марат Казееви 14 – сола дар қатори рафиқони калонсолаш ба разведка рафта, дар рейдҳо ширкат варзид. Барои ҷанг дар моҳи январи соли 1943 вақте захмӣ шуд, ӯ ақиб нанишаста, рафиқонашро ба ҳамла водор намуд ва аз ҳалқаи душман гузаштанд. Бо ин корнамоӣ Марат бо медали «Барои далерӣ» мушараф гардид.
Сарбози ҷавон моҳи майи соли 1944 ҳангоми иҷрои супориши навбатӣ дар наздикии деҳаи Хоромиски Минск ба ҳалокат расид. Ӯ ва командираш ҳангоми аз разведка баргаштан бо душман бархӯрданд. Командир фавран кушта шуд ва Марат танҳо ҷангид. Дар майдони кушод ҷойи гурез набуд ва сарбоз ба захми дасташ нигоҳ накарда, ба сӯйи душман тир холӣ кард. Вақте ки анбор холӣ шуд, Марат охирин силоҳро гирифт: ду норинҷак аз камар баровард ва якбора ба сӯйи немисҳо партофт. Каме интизор шуда, ҳангоми наздик шудани душман бо норинҷи дуюм худ ва онҳоро тарконд.
Соли 1965 ба Марат Казеев унвони Қаҳрамони ИҶШС дода шуд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


ҲАВОПАЙМОИ САРНАГУНШУДА
АФСАРИ ШӮРАВӢ БО ОН ҲАМ АЗ ДУШМАН ТАЛАФОТ ГИРИФТ
Николай Гастелло, лётчик, фармондеҳи эскадрили 2-юми полки 207 - уми ҳавоии бомбаандози дур, капитан. Таҳти роҳбарии ӯ 26 июни соли 1941 экипаж барои задани зарбаи ҳавоӣ ба колоннаи механикондаи немис парвоз кард. Колонна аз нигоҳи артиллерӣ мустаҳкам муҳофизат мешуд. Ҷанг оғоз шуд. Снаряди душман, ба ҳавопаймои Николай Гастелло асар кард. Ҳавопаймо оташ гирифт. Ӯ метавонист худро ҳаво диҳад (катапультироваться), вале ин корро накард, балки ҳавопаймои оташгирифтаро ба колоннаи душман рост кард ва қаҳрамонона ҳалок шуд. Ин аввалин таран (ҳамла бо ҳавопаймои оташгирифта) дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ки дар роҳ миёни шаҳрҳои Молодченко ва Падошковичи Беларусия рух додааст.
Пас аз ин, насаби лётчики ҷасур маъруф мешавад. То охири ҷанг ҳамаи лётчикҳое, ки таран мекарданд онҳоро гостелловҳо мегуфтанд. 
Таҳияи Баҳодур ҶӮРАЕВ


ТЕХНИКАИ ВАЗНИНИ ҶАНГӢ
«МАУС» - РО КӢ СОХТ ВА КӢ  НОБУД КАРД?
Танки дар дунё аз ҳама  гаронвазн «Маус» (Мири мушон) ном дошта, бо вазни 188 тонна вориди Китоби рекордҳои Гиннес гардидааст. Созандаи ин техникаи вазнини ҷангӣ муҳандис ва ихтироъкори афсонавӣ Фердинанд Порше мебошад, ки соли 1944 дар Германияи гитлерӣ истеҳсол шудааст. «Маус» метавонист дарёву кӯлҳоро убур намояд, зеро ба вазни он ягон пул тоб намеовард. Ба дохилаш на танҳо об, балки ҳаво низ намедаромад. Ягон гулулаи зиддитанкӣ ҳам ба он осеб расонда наметавонист. Дар як вақт 1560 литр сӯзишворӣ мегирифт ва экипажаш аз 6 нафар иборат буд. Армияи шӯравӣ дар замони ҷанг заводи истеҳсолкунандаи «Маус» - ро аз худ кард, вале фашистон «Маус» - ҳоро тарконданд, то ки ба дасти «сурх» - ҳо  ғанимат наафтанд.
Таҳияи Қ. МАДАЛИЕВ


ЯК ПАНД
Ду хона. Дар яке шабу рӯз моҷарову доду фиғон, дар дуюмӣ оромию хушбахтӣ...
Инак, боз хархаша сар шуд. Зан ба шавҳараш гуфт:
- Ту ягон вақт аз хонаи ҳамсоя садои баланд ё хархашаи онҳоро шунидаӣ, не! Рафта бин, канӣ, онҳо чӣ хел зиндагӣ мекунанд?
Мард дуртар аз тирезаи ҳамсоя камин гирифта, назоратро оғоз кард. Дар ин хона ҳар кас кори худашро мекард. Зан дар ошхона буду мард сари миз чизе менавишт. Ногоҳ телефон занг зад. Мард вақте хост гӯшии телефонро гирад, дасташ ба кӯзаи гул расиду он афтода шикаст. Зуд хам шуда шишапораҳоро чидан гирифт. Зан аз ошхона давида омад ва дар чидани шишапораҳо кумак кард. Мард ба занаш гуфт:
- Бубахш, азизам. Ҳангоми ба телефон наздик шудан ногоҳ ба кӯзаи гул расидам ва он афтоду шикаст.
- Не, азизам, ман гунаҳкорам, ки кӯзаро дар ҷои номувофиқ мондам, - гуфт зан.
Онҳо якдигарро оғӯш карданд, якҷоя шишапораҳоро ҷамъ намуданд ва ҳар кас боз пайи кори худ рафт.
Мард ба хона баргашт. Ҳамсараш пурсид:
- Сирри он хонаро донистӣ?
- Ҳа, фаҳмидам. Дар он хона зану шавҳар ҳар ду гунаҳгор буданд, мо ҳар ду бошем, ҳамеша бегуноҳем.
Таҳияи Бахтовар КАРИМЗОДА


АГАР  АЗ  ҶАНГ  БАРГАРДӢ…
Ё НОМАЕ, КИ ДУД АЗ ДИМОҒ МЕБАРОРАД
Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз воқеоти даҳшатбору ҷонгудоз, саргузаштҳои талху ашкрез саршор буд. Аз ҷумла, воқеоти дилхункунанда, мазмуни номаи як сарбоз ба фармондеҳаш аст, ки то кунун дуд аз димоғ мебарорад:
«…Силоҳамро зери хок кардам, то касе наёбад ва ин оҳанпораи сард дигар одам накушад. Ин тасмим ҳаргиз ба хотири тарс аз марг ё муҳаббат ба ҳамсару фарзандонам нест. Ба ин қарор пас аз хондани коғазпорае расидам, ки аз ҷайби ҷасади душман ёфтам. Дар он ҳамин навишта сабт буд: «Падар, аз рӯзе, ки танҳоям гузоштӣ, ҳар субҳ то ғуруби офтоб чашм ба роҳи ту менишинам. Рӯзе агар биёӣ, туро маҳкам ба оғӯш гирифта, иҷозат намедиҳам, ки ба ҷанг баргардӣ».
Ҳайҳот, ки ман орзуи тифли чашм ба роҳи падарро ба хок бурдам, ки ҳаргиз бахшанда нест!  
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


РАҲМАТУЛЛО ФУЗАЙЛОВ БЕҲТАРИН ҲИМОЯТГАРИ АСРИ 21
Дастаи футболи «Шинник» - и Россия дар саҳифаи ВКонтактеаш маросими овоздиҳии беҳтарин ҳимоятгари хориҷии асри 21-ро роҳандозӣ кард. Дар натиҷаи овоздиҳӣ унвони беҳтарин дифоъгари хориҷии асри 21-ро дар дастаи «Шинник» собиқ футболбози маъруфи тоҷик Раҳматулло Фузайлов бо соҳиб шудани 36,23 дарсади овоз ба даст овард.
- Раҳматулло чанд сол қабл ба Ярос