Хабарҳо
МАОРИФ. АЗ ТАМДИДИ ТАҲСИЛ ТО ИМТИЁЗ ДАР СУПУРДАНИ МАБЛАҒИ ШАРТНОМА
Аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (COVID – 19) вобаста ба паҳншавии беморӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз он қарори нав қабул намуд. Мувофиқи он, хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 16 август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил 17 августи соли 2020 оғоз мешавад.
Баҳои чоряки чорум аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст шуда, имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо баҳогузорӣ мегардад.
Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15 то 24 июни соли ҷорӣ баргузор мешаванд.
Дар муассисаҳои томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ таътил тамдид шуд.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус (CОVID – 19), барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4 майи соли 2020 таътили тобистона эълон шуд. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ мегардад.
Барои хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳо имтиҳоноти давлатии хатм оғоз шуда, то 15 майи идома меёбад
Дар баробари ин, вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода дар ҷаласаи фаврӣ ба роҳбарони муассисаҳои таълимии оливу миёна ва касбӣ таъкид кард, ки донишҷӯёни сабабҳои узрнокдошта метавонанд имтиҳоноти хатм - ро дар семестри тирамоҳӣ супоранд. Ҳамчунин, қабл аз имтиҳоноти хатм тамоми синфхонаҳо дезинфексия карда шаванд.
- Ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастур дода мешавад, ки то хуб шудани вазъ ва бартараф шудани бемории сироятии коронавирус ба донишҷӯёне, ки бо сабаби вазъи номусоиди оилавӣ фоизи муайяни маблағи шартномаи таҳсилро насупурдаанд, имтиёз дода шавад. Яъне, насупурдани маблағи шартномаи таҳсил набояд садди роҳи ҷамъбасти сессияи тобистона гардад ва мо бояд имкон диҳем, ки донишҷӯ бо хуб шудани вазъ ва пайдо шудани имконоти молиявӣ маблағи шартномаро пардохт намоянд, - изҳор дошт М. Имомзода.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1645