Хабарҳо
ИСТЕҲСОЛОТ. ҲОСИЛИ БАЛАНДИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ
Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла наздиҳавлигӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ба шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Ҷаббор Расулову Спитамен сафар намуд.
Зикр гардид, ки аз 18 ҳазору 815 гектар замини обии шаҳри Исфара, 5292 гектар наздиҳавлигӣ ва 500 гектар хоҷагии ёрирасон аст. Дар шаҳри Конибодом, аз 25062 гектар замини обӣ, 3800 гектар наздиҳавлигӣ ва 1088 гектар хоҷагии ёрирасон мебошад. Раиси вилоят аз аҳли заҳмати шаҳрҳои номбурда даъват намуд, ки ҳар порча заминро оқилонаву самаранок истифода бурда, кишти зироатҳоро вусъат бахшанд.
Дар ин маврид таҷрибаи сокини деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом Мадамин Ҷӯраев дар ҷодаи истифодаи босамари замини наздиҳавлигӣ намунавӣ дониста шуд. Сарвари хоҷагӣ ҳамроҳ бо аъзои оилааш дар замини ҳавлӣ баробари кишти кабудию сабзавот, инчунин, парвариши лимӯ, афлесун, мандарин ва кивиро дар гармхона ба роҳ мондааст. Оилаи Мадамин Ҷӯраев бо риояи корҳои агротехникӣ ва бардоштани ҳосили дилхоҳ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳм мегузорад.
Сокинони дигари ин ҷамоат Каримбой Ҳайдаров низ заминҳои наздиҳавлигиро пурсамар истифода мебарад. Ӯ дар 0,07 гектар парвариши картошкаро хуб ба роҳ мондааст. Ҳосили картошка нимаи моҳи май рӯёнда ва ба бозор бароварда мешавад. Ӯ мақсад гузоштааст, ки пас аз ҷамъоварии ҳосили картошка дар ин замин кишти зироати дигарро шурӯъ намояд ва тасмим дорад дар як сол се ҳосил гирад.
Ҳамчунин, Манзура Азаматова, сокини Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, бист сол боз замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода карда, анвои гуногуни зироатҳоро мепарварад. Замини наздиҳавлигии ин оила 0,07 гектар буда, дар он ҳамасола зироатҳои аввалибаҳорӣ ва сабзавот кишт карда мешаванд.
Ислом Аҳмадзода, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, гуфт, ки дар ноҳия беш аз 13 000 гектар замини корами обӣ вуҷуд дошта, дар зиёда аз 10 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронда мешавад. Масоҳати заминҳои ҳавлии сокинон 3260 ва хоҷагиҳои ёрирасон 1155 гектар буда, дар сурати оқилонаву самаранок истифода бурдани онҳо 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол хоҳад шуд.
Олим Собиров, сокини Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен низ заминҳои худро хеле пурсамар истифода мекунад. Ӯ дар замини наздиҳавлигиаш зироатҳои зиёд шалғам, қулфинай, сирпиёз, сабзӣ, картошка, помидор ва бодиринг парваридааст. Номбурда тасмим дорад, ки баъди гирифтани ҳосили аввал дар кишти такрорӣ анвои дигари зироати кишоварзӣ бикорад.
Олим Собиров гуфт, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда барои қонеъ намудани талаботи оилаи худ сарф гардида, боқимонда барои фурӯш нигаронда шудааст.
Аз 15 ҳазор гектар замини корами ноҳияи Спитамен дар 12 ҳазор гектари он кишти баҳорӣ гузаронда мешавад. Масоҳати заминҳои наздиҳавлигии сокинон бошад, дар маҷмӯъ - 2311 гектарро ташкил медиҳад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1466