logo

Хабарҳо

«ФАРМ – ТЕКС». ИСТЕҲСОЛИ 1 МИЛЛИОНУ 350 ҲАЗОР НИҚОБИ ТИББӢ

Дар корхонаи «Фарм – Текс»-и ноҳияи Данғара, ки 5 ноябри соли 2018 бо ҳузури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, асосан, маводи тиббӣ, косметологӣ ва гигиенаи шахсӣ истеҳсол мешаванд.
Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди 2 ҳазор килограмм пахта буда, дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашуда, сипас пахтаи тиббӣ, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ ва навъҳои гуногуни бинти тамйизшуда ва лейкопластер истеҳсол мегарданд.
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, шурӯъ аз 2-юми феврали соли равон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус корхона ба тайёр кардани ниқобҳои тиббӣ ва маводи гидраҳои пахтагии спиртдор оғоз намуд. Айни замон дар корхона 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ фаъолият доранд.
Бино ба иттилои роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Фарм – Текс» Файзиддин Сайфуллоев, корхона истеҳсоли ниқобҳои тиббиро дар ду баст ба роҳ монда, дар як шабонарӯз то 15 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ ва 1000-то маводи гидраҳои пахтагии спиртдор истеҳсол менамояд. Дар маҷмӯъ, то имрӯз зиёда аз 1 миллиону 350 ҳазор ниқоби тиббӣ ва 420 ҳазор маводи гидраҳои пахтагии спиртдор истеҳсол шудааст. Ниқобҳо дорои сифати баланд буда, муштариён метавонанд онро шуста боз истифода баранд.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, як қисми маҳсулоти коргоҳ ҳамарӯза ба муассисаҳои тандурустӣ, корхонаҳои давлатӣ ва дорухонаҳои мамлакат сари вақт дастрас карда мешаванд. Боқӣ ба Вазорати тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фиристода мешавад.
Бояд гуфт, ки хатҳои истеҳсолӣ ва дигар дастгоҳҳову таҷҳизоти корхона соли 2018 аз Олмон дастрасу насб гардида, имконият медиҳад, ки  маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ ва бо сифати баланд коркарду пешниҳоди харидорон шаванд. Корхона метавонад пахтаи пастсифатро низ коркард намуда, бидуни истифодаи хлор тариқи технологияи муосир аз он пахтаи гигроскопии сафедкардашуда ва дигар маводи тиббӣ омода созад.
Қобили зикр аст, ки корхонаи «Фарм – Текс» бидуни партов фаъолият намуда, пасмондаҳои маҳсулот барои дӯхтани кӯрпа, кӯрпача, ҷома ва дигар номгӯи сарулибос истифода бурда мешаванд. Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, корхона дар оянда имкон дорад, ки то 3 миллион метр докаи тиббӣ, 10 миллион бинт, салфетка, уребча ва маҳсулоти гигиенӣ истеҳсол намояд.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1600
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед