logo

Хабарҳо

ДАР ИТАЛИЯ НАХУСТИН ДАР ҶАҲОН ВАКСИНАЕ ОФАРИДАНД, КИ КОРОНАВИРУСРО МЕКУШАД

Daily Mail. Муҳаққиқони италиёӣ ният доранд, ки ин ваксинаро тирамоҳ  озмоянд.
Зикр меравад, ки он, аллакай, дар мушҳо санҷида шудааст. Олимон ба мушҳо бо хуноба сӯзандору карда, сипас аз онҳо ҷисми бегона гирифтанд. Натиҷаҳои пешакии озмоишҳои лабораторӣ нишон доданд, ки ҷисмҳои бегона метавонанд ҳуҷайраҳои одамро аз сирояти коронавирус нигоҳ доранд.

ФБА БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19 НАЗДИКИ $200 МИЛЛИОН ҶУДО НАМУД
INTERFAX.RU. Шӯрои иҷроияи Фонди байналмилалии асъор (ФБА) ба Тоҷикистон ба василаи механизми қарздиҳии тезонда додани $189, 5 миллионро тасдиқ намуд. 
«Ин маблағ ба қонеъсозии ниёзҳои таъхирнопазир ба маблағгузории тавозуни пардохт ва буҷет, ки хуруҷи пандемияи коронавирус ба миён овард, ворастан аз ноустувории ҷиддии иқтисодӣ ва рӯзгори одамон, нигоҳдории имконияти буҷетӣ барои хароҷоти зарурӣ дар соҳаи тандурустӣ ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ дар иртибот ба COVID – 19 ёрӣ хоҳад расонд",- гуфта мешавад дар хабари сомонаи фонд.

ДАР ЭРОН ҚАРИБ 83 ҲАЗОР БЕМОР ШИФО ЁФТ
“Форстудей”. Ба гуфтаи Киёнуши Ҷаҳонпур, сардори маркази равобити умумӣ ва иттилои вазорати тандурустии кишвар, тайи шабонарӯзи гузашта 1157 бемор дармон ёфт.
Дар маҷмӯъ, табибон 82 744 нафарро табобат карда, ба по гузоштанд. Чунин таносуби сироят ва офият дар дунё аз беҳтаринҳост.
Ҳамзамон, Ҷаҳонпур афзудааст, ки феълан дар кишвар   101 650 нафар гирифтори COVID – 19 мебошад. Инчунин, намояндаи вазорат таъкид кард, ки, дар маҷмӯъ, коронавирус риштаи умри 6 486 нафарро гусастааст.

РЕКОРДИ ИТАЛИЁӢ: ОФИЯТИ 8014 НАФАР ДАР 24 СОАТ
La Repubblica. Дирӯз дар Италия 8014 нафар аз бемории COVID – 19 сиҳат шудааст. Дар ин бора аз раёсати мудофиаи шаҳрвандӣ мужда расонданд.
Ҳамин тавр, шумораи табобатшудаҳо аз 93 ҳазор гузашт. Дар шабонарӯзи охир, ҳамчунин, 1444 ҳодисаи сироят ба коронавирус ошкор гашт. Дар маҷмӯъ, 214457 нафар сироят ва қариб 30 ҳазор нафар қурбони вабои нав гаштаанд.

ВИРУСШИНОС МЕГӮЯД, КИ ТОБИСТОН SARS-COV-2 КАМ МЕШАВАД
«Пятый канал». -Тобистон суръати паҳншавии коронавирус суст мешавад, аммо на аз ҳисоби гармӣ ва радиатсияи офтоб,- ибрози назар намуд доктори илмҳои тиб, профессор Анатолий Алтштейн.
- Коҳиши сироят на аз он сабаб рӯй медиҳад, ки вирусро гармӣ ё нури офтоб мекушад. Сабабаш дар тобистон пурзӯртар будани масунияти ҳамаи мост.
Алтштейн итминон дорад, ки табибон ба умеди «дар тобистон коҳиш ёфтани эпидемия» мебошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1539
15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед