logo

иҷтимоиёт

КОРОНАВИРУС. ТАРС БА ТАҲЛУКА МЕОРАД!

Ҳаёт ин муборизаи некию бадӣ, рӯшноию торикӣ ва аз ҷумла  макроорганизм (инсон) бо микроорганизм (вирусҳо, бактерияҳо, содатаринҳо...) аст ва зиндагӣ аз рӯзи таваллуд то нафаси вопасин дар ҳамин роҳ сипарӣ мешавад. Вақте одам рӯҳафтодаю афсурда мегардад, микробҳои баданаш (микробҳои шартан зараровар) бо вирусу микробҳои дохилшаванда якҷо гашта, ӯро ба беморӣ гирифтор менамоянд.
Бинобар ин, аз ин вирусу бактерияву паразитҳо набояд ҳаросем. Зеро ҳакимон тарсро бузургтарин бало ва боиси ранҷу дардҳо донистаанд. Чун ғаму кулфат, таҳлукаву изтироб, ҳаяҷону рӯҳафтодагӣ водор менамоянд, гармии табиӣ дар бадани инсон кам гашта, қувваи муҳофизавии бадан, яъне иммунитет паст гардад, ки  сабаби хуруҷи бемориҳост. Андуҳ ва ноумедӣ миҷози инсонро сард гардонда, ба ғалабаи вирусҳо ва пайдоиши дардҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, баръакс, шумо ба риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ: тозагии пӯст, дандон, мӯи сар, дастҳо, пойҳо, чашмон, гӯшҳо, бинӣ ва муҳит диққат диҳед, ки ин беҳтар аст ва бар тамоми вирусҳо дар ин ҳол дастболо хоҳед шуд. Тавре фармудаанд: “Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст”.
Ҷасорат, меҳнатдӯстӣ, мушкилнописандӣ, корҳои ҷисмонӣ, сайругашт дар ҳавои тоза, истеъмоли ғизои табииву тоза ва аз сафедаву витаминҳо бой, оромии асаб, хоби ҳаштсоата, гӯш додан ба суруду мусиқии дӯстдошта, табъи хуш, зиндадилию боумедӣ, зебову  зебоипараст будан иммунитетро баланд бардошта, тани инсонро бар зидди ҳама бемориҳо тобовар мегардонанд.
Абуалӣ ибни Сино дар вақташ гуфта буд: «Бемории табобатнашаванда вуҷуд надорад, аммо беиродагӣ нисбат ба беморӣ ҳамеша буд. Ягон рустанӣ беманфиат нест, аммо мо оид ба рустаниҳо дониши мукаммал надорем».  Ба инсон ҳавои тоза бештар аз обу хӯрок лозим аст. Бе обу хӯрок беш аз як ҳафта зинда мондан мумкин, аммо бе ҳавои тоза аз чанд дақиқа бештар зиста наметавонем.  Дар саҳро, кӯҳҳо, ҷойҳои камодам, лаби дарё аз ниқоб истифода набарем ҳам мешавад, чун ин мавзеъҳо ҳавои тоза доранду ба саломатии мо манфиатоваранд. 
Тавре медонем, коронавирус бемории нав нест. Аз ин лиҳоз, бояд ба овозаву ҳангомаҳо бовар накарда, ба риояи тозагӣ ва иҷрои маслиҳати табибон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ машғул шавем. Як сабаби ба бемории коронавирус бештар гирифтор шудани калонсолон қаблан ба касалиҳои музмини роҳҳои нафас, системаи дилу рагҳо ва пайванду ҳаракат гирифтор будани онҳо мебошад. Инчунин, миёнсолони камҳаракат низ ба беморӣ зуд гирифтор шуданашон аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, чунин шахсон бояд машқи нафаскаширо пайваста иҷро намуда, зимнан, ба машқҳои сабуки ҷисмонӣ ва сайругашт дар ҳавои тоза машғул бошанд.
Таҳлукаи аксаран беасос ва дар натиҷаи кор накардани кишоварзон, аз фаъолият бозмондани корхонаву идораҳо сатҳи зиндагии сокинонро коҳиш дода, метавонад сабаби паст шудани иммунитет ва эҳтимоли рӯ задани дигар бемориҳо гардад. Бинобар ин, мо бояд дар ин ҳолат аз таҷрибаи Ҷумҳурии Беларус истифода намуда, ба карантини «нарм» гузарем, зиндагӣ дар маҷрои муқаррарӣ идома гирад, аҳолӣ ба кор машғул бошад, аммо корҳои беҳдоштиро ҳаргиз фаромӯш насозем. Дар чунин лаҳзаҳои муҳим ҳар як шаҳрванди бонанги кишвар бояд беш аз ҳарвақта дар атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, вазифаи худро содиқона анҷом диҳад.

Рустам ШЕРОВ, табиб, шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2020    №: 90    Мутолиа карданд: 139
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед