logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ОБИ ТОЗАИ НӮШОӢ

Таъмини аҳолии мамлакат бо оби босифати нӯшоӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дар ин самт баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, сохтмону барқарорсозии иншооти соҳа дар шаҳру ноҳияҳо барномаву лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор доданд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҷиҳати таъмин намудани аҳолии пойтахт бо оби тозаю босифати ошомиданӣ ҳар рӯз тариқи  чор истгоҳи обтаъминкунӣ барои истифодабарандагон зиёда аз 390 ҳазор метри мукааб оби нӯшоӣ интиқол медиҳад.
Тавре Мирзомурод Убайдзода, директори корхона, иброз дошт, давоми  се моҳи аввали соли ҷорӣ дар чор истгоҳи обтаъминкунии корхона 34,1 миллион метри мукааб об истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 1,5 миллион метри мукааб зиёд аст.
- Аз ҷониби кормандони корхона ҷиҳати беҳдошти вазъи обтаъминкунӣ, дуруст ҳисобӣ намудани пардохти хизматрасониҳо бо муштариён ва кам намудани талафоти оби нӯшоӣ соли сипаришуда 16102 адад ва дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 1537 ҳисобкунаки обӣ дар лӯлаҳои оби муштариён насб карда шуд.  Дар маҷмӯъ, шумораи ҳисобкунакҳои обӣ ба 119 996 адад (62 дарсад) расид.       
Ҷиҳати ба тартиб даровардани шабакаҳои оби нӯшоӣ ва корезӣ 65 чоҳбун таъмир, зиёда аз 400 чоҳбун аз партов тоза ва бо хлори хока безарар гардонда шуд. Зиёда аз 45800 метр лӯлаҳои оби нӯшоӣ ва корезии фарсудагаштаи қутрашон аз 100 мм то 1200 мм иваз карда шуданд. Соли гузашта бо мақсади сари вақт бартараф намудани садамаҳо дар лӯлаҳои об ва корез техникаи заминкани тамғаи “HYNDAI”, барои такшон намудани тирагӣ ва безарар гардондани оби нӯшоӣ 866 тонна коагулянт ва маҳлули гипохлориди натрий, 816 тонна намак харида шуд. Ҳамчунин, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корхона бо 135,9 тонна замч (коагулянт) ва 6 208 метри мукааб гипохлориди натрий таъмин гардид, - гуфт М. Убайдзода.
Чунонки Мирзомурод Убайдзода иброз дошт, ҳадаф ва вазифаҳои асосии лоиҳаҳо беҳтар гардондани сектори обтаъминкунии шаҳри Душанбе, таъмини боэътимоди сокинони пойтахт бо оби тозаи нӯшоӣ, ҳалли дурусти  партовобҳо ва бо ин васила баланд бардоштани сифати фаъолияти хизматрасониҳои коммуналӣ мебошанд.
Як самти асосии фаъолияти корхона, ки ба беҳсозии сатҳи хизматрасонӣ равона шудааст, қабул, баррасӣ ва ҳалли арзу шикояти шаҳрвандон мебошад. Танҳо дар семоҳаи аввали соли равон ба корхона 1 620 арзу шикояти шаҳрвандон ворид гардида, дар ин давра аз ҷониби мутахассисони соҳа 2349 садама, аз ҷумла 730 садамаи оби нӯшоӣ ва 1619 садамаи корезӣ, сари вақт бартараф карда шуд.
Дар баробари ин дастовардҳо дар назди корхона мушкилоти зиёд, аз қабили фарсуда гаштани шоҳлӯлаҳо ва лӯлаҳои шабакаҳои обтақсимкунии оби нӯшоӣ ва шабакаҳои партовобҳои обӣ, пурра таъмин нагардидани муштариён, аз ҷумла гурӯҳи аҳолӣ, бо ҳисобкунакҳо ҷой доранд.
- Кормандони корхона кӯшиш менамоянд, ки мушкилоти мавҷударо бартараф созанд ва сифати хизматрасонии коммуналиро ба аҳолии пойтахт беҳбудӣ бахшанд, - гуфт дар хотимаи суҳбат директори корхона.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.05.2020    №: 90    Мутолиа карданд: 44
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед