logo

иҷтимоиёт

БИДУНИ КАРАНТИН. ШВЕДҲО ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС АЗ ЧӢ КОР МЕГИРАНД?

Тарабхонаю чойхонаҳо, истироҳатгоҳҳои лижарониро дар Аврупо ҳамин ҳоло танҳо дар Шведсия метавон дид. Зимомдорони ин кишвар шаҳрвандонро ба омодагӣ ба давраи душвор даъват карда бошанд ҳам, дар эълони карантин шитоб надоранд. Шведҳо на бо роҳи чинӣ, балки бо дигар роҳ мераванд. Бо идома додани «рӯзгори муътадил» дар набард бо вирусе, ки муқтадиртарин кишварҳои дунёро ба зону занонд, онҳо ба чӣ умед мебанданд?
 
БА ҶОИ МАНЪСОЗӢ - БОВАРӢ
Дар Стокголм ниҳоят ҳаво рӯ ба гармӣ ниҳод ва баъди зимистони тӯлонӣ шведҳо, яқин, ки тоқати хонанишинӣ намекунанд. Хусусан, ки аз онҳо ин талаб ҳам карда намешавад. Чанд вақт пеш, ҳатто чорабиниҳои оммавии ҷамъиятӣ бо ширкати то 500 нафар иҷозат буд. Аз ин рӯ, баъзе театрҳо, масалан, расо 499 чипта мефурӯхтанд. Чанд рӯз қабл ҳукумат ба ҳар ҳол тавсия дод, ки бештар аз 50 нафар ҷамъ наоянд, аммо манъ қатъӣ нест.
Бисёр чойхонаву тарабхонаҳо кушода, метро мегардад, аммо шумораи автобус кам шудааст. Мағозаҳо ба таври муқаррарӣ кор мекунанд. Ба макарону консервҳо хавфи камчинӣ ҳам нест. Дар рафҳои холишуда эълон мегузоранд, ки захира кофисту моли навро субҳ меоранд. Истироҳатгоҳҳои лижаронии кӯҳӣ ҳамоно сайёҳонро қабул мекунанд. Дар кӯчаҳо ниқобпӯшро аҳён мебинӣ.
Дар манзари ин ҳама гумоне ғолиб меояд, ки Шведсия аз омори ғамангези сироятшавӣ истисно мебошад. Аммо мутаассифона, ин тавр нест. Дар ибтидо хавфро ҷиддӣ нагирифтанд, аммо ҳазорон нафар мубталои коронавирус шуда, садҳо тан фавтид. Зеро дар Шведсия, то миёнаи моҳи март танҳо ашхоси солхӯрда ва беморони вазнинро ташхис менамуданд.
Ҳамсоякишварҳо марзро баста, маҳдудияти қатъӣ роҳандозӣ намуданд. Ҳаёти рӯзмарраи шведҳо низ тағйир ёфт. Маъракаҳои калони оммавӣ, сафарҳои хизматии кормандони муассисаҳоро манъ намуда, ба ҳама хонакориро тавсия доданд. Аёдати пайвандони солхӯрда тавсия намешавад, вале манъ ҳам нашудааст. Умуман, дар кишвар оилаҳо калон нестанд ва волидону фарзандон зери як бом ба сар намебаранд. Ғайр аз ин, на дар шаҳрҳо ва на дар қасабаҳо биноҳои серошёна нестанд. Ин бешубҳа, кори пешгирӣ аз вируси навро осонтар месозад.
"Кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, бешак, холӣ шуданд, аммо миёни мардум тарсу ҳарос ё асабонияти зиёд ба назар намерасад, — изҳор мекунад донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии шаҳри Уппсала Анастасия Суслина. — Шведҳо ба ҳукумати худ боварии калон доранд ва ҳама тавсияи онро ҷиддӣ риоя месозанд".
Анастасия Суслина чун аксари мардуми маҳал мекӯшад дар узлат нишинад. Роҳгузарони ниқобпӯшро то ҳол надидааст, аммо мегӯяд, ки фосилаи як-думетраро одамон дар ҳама ҷо бечунучаро нигоҳ медоранд. Ба барҷомондаю маъюбон ғамхорӣ карда мешавад.

ҲУКУМАТ АЗ УҲДАИ БУҲРОН ХУБ МЕБАРОЯД
«Ҳукуматдорони Шведсия амал намекунанд», - гуфтанро мардуми кишвар мутлақо намепазиранд. Ва роҳандозӣ нашудани карантини қатъиро далел намешуморанд. Дар ин давлати скандинавӣ стратегияи сареҳи вокуниш ба буҳрони эпидемиологӣ таҳия шудааст, ки муттасил пиёда мегардад. Алъон эътироф карданд, ки Шведсия ба марҳилаи авҷи эпидемия ворид шуд. Вазъияти аз ҳама мураккаб дар пойтахт – Стокголм аст. Шумораи аз ҳама зиёди мубталоён ва фавтидагон ин ҷо мебошад. Дар пеш шадидшавии вазъият дар минтақаҳост. Аммо ҳукуматдорон шитобзада нестанд. Айни ҳол тамоми дороии давлатро ба пойтахт ҷалб кардаанд, сипас чун зарур омад, онро ба маҳалҳои даркорӣ сафарбар месозанд.
Ба назар, дар Шведсия бим доранд, ки карантини қатъӣ боиси мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ҳам барои соҳибкорӣ ва ҳам истеъмолгарон мегардад. Аз ин рӯ, ҳукумат, дар навбати аввал, ба шаҳрванди масъулиятшинос умед мебандад. "Ягона роҳ бар зидди коронавирус якҷоя бо ҷомеа мубориза бурдан аст, вақте ҳар фард барои худ, барои дигарон ва барои тамоми кишвар масъул аст", - изҳор дошт сарвазир Стефан Лёвен.
Ва мардум ба ин сиёсат эътимод доранд: тибқи назарпурсиҳо, беш аз нисфи шведҳо мутмаинанд, ки мамлакат аз уҳдаи пандемия хуб мебарояд.                                                                   
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2020    №: 91    Мутолиа карданд: 152
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед