logo

иқтисод

ҚАДРИ ОБ

Қабули қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» аз ҷониби Ассамблеяи генералии  Созмони Милали Муттаҳид рӯйдоди таърихиест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар дар арсаи байналмилалӣ чун ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ муаррифӣ намуд. Ин иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 193 кишвари узви созмон ҷонибдорӣ намуда, дар сарзамини худ татбиқ менамоянд.
Норасоии об ҳамчун манбаи ҳаёт ва бузургтарин неъмати табиат солҳои охир бисёри аз кишварҳоро ба ташвиш овардааст. Дар гӯшаю канори гуногуни олам,  мисли мамолики Шарқи Наздик ва Африқо, мардум  аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Чунин кишварҳо  на танҳо оби ошомидании фаровон, балки барои обшоркунии заминҳои кишт захираи кофии об надоранд. Аз иқдоми Сарвари давлат бармеояд,  ки ҳалли масъалаи норасоии об солҳои дароз давом хоҳад намуд. Бисёр халқҳо дар гӯшаю канори дунё муддати мадид аз камчинии об ва ифлосии он танқисӣ мекашанд. Агарчи мамлакати мо дорои захираҳои ғании об аст, аммо дар шароити ифлосшавии муҳити зист, хосса бо сабаби пешрафти соҳаҳои саноату нақлиёт, истифодаи оқилона ва ҳифзи тозагии он зарурати бештар касб менамояд. Бинобар ин, дар муқаррароти даҳсолаи эълоншуда оқилона истифода бурдани оби тоза масъалаи асосии матраҳшаванда маҳсуб меёбад.
Дар кишвари мо  дарёҳои бузурге чун Сир, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Панҷ, Сурхоб мавҷуданд. Фоидаи  ин рӯдҳои ҳамешаҷорӣ ҳамон вақт зоҳир мешавад, ки агар онҳоро самаранок истифода намоем. Об неъмати қиматбаҳоест, ки пок нигоҳ доштану қадршиносӣ кардани он вазифаи ҳар инсони соҳибақл аст. Зеро ҳама ҳастии ҳаёт ва зебоию таровати он аз об маншаъ мегирад. Аз ин лиҳоз ба қадри об чун неъмати бебаҳои зиндагӣ беш аз пеш расему онро сарфа намоем.

Наргис ҲАЙДАРОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти  миёнаи
умумии  № 92, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2020    №: 91    Мутолиа карданд: 45
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед