logo

иҷтимоиёт

САДОҚАТ. ВАҚТЕ ФАРЗАНД БАРОИ ВАТАН СИНА СИПАР МЕКУНАД...

Имсол аз рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - солҳои 1941-1945  75 сол пур мешавад, он  як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост. Дар ин набарди шуҷоатмандонаю ватандӯстона корномаи ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бобоҳои мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хатти заррин сабт шудааст. Онҳо дар як саф бо мардуми дигари  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Германияи фашистиро торумор ва Ватани худу  ҳам мамлакатҳои Аврупоро аз чанголи фашистони истилохоҳ озод намуданд. Дар таърихи инсоният ин ҷанги аз ҳама душвору даҳшатовар  буд, ки 1418 шабонарӯз давом кардааст.
Дар ин ҳодисаи басо даҳшатбор бештар аз 70 давлати хурду бузург иштирок намудааст. Набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтаанд. Яъне, ғалабаи гузаштагони мо алайҳи душманон  ба осонӣ ба даст наомадааст ва бо ивази ҷонҳо харида шуд. Миллионҳо нафар мардону занони шердилу ба Ватани азизи худ вафодор баҳри озодию  хушбахтии наслҳои оянда ҷони худро қурбон карданд. Фашистон 1710 шаҳру шаҳрак, зиёда аз 70 ҳазор қишлоқу деҳаҳоро пурра сӯзонда, валангор карданд, қариб 25 миллион одам бехонаву манзил монд. Ҳамчунин, 1850 корхонаи саноатӣ, 65 ҳазор километр масиру 4100 истгоҳи роҳи оҳан, 98 ҳазор колхоз, 1876 совхоз, 84 ҳазор муассисаи таълимӣ, 40 ҳазор шифохонаю муассисаҳои дигари тиббӣ, 43 ҳазор китобхона ба хок яксон гардиданд.  Ҳатто 5 миллион метри муккааб сияҳхоки сарзамини Украина канда, ба Германия бурда шуд.
Дар ин муборизаи шадид, ки ҷони одамӣ сахт дар хатар буд, фашистон аз рӯи васияту таълимоти саркардаашон  Гитлер амал мекарданд.
Рӯзҳои аввали ҷанг И. В. Сталин ба хотири даъвати ҳамагонӣ ба ин мубориза дар хитоб ба халқи Иттиҳоди Шӯравӣ гуфта буд, ки ин ҷо сухан  дар бораи ҳаёт ва мамоти давлати шӯравӣ,  ҳаёту мамоти  халқҳоямон, озод будан ва ё зери асорат мондани мардуми  иттиҳод меравад.
Ин суханони И. В. Сталин одамони шӯравиро ба по хезонд. Намояндагони 120 миллату халқияти мамлакат аз як гиребон сар бароварда, барои ҳифзи Ватани беканори худ муборизаи беамон бурданд. Аммо аз ҳама муҳим дӯстию муттаҳидии халқҳои СССР, мавҷудияти ташкилоти хуби  роҳбарикунанда ва дуруст сафарбар кардани халқҳо тариқи қувваҳои мусаллаҳ, интизоми сахт дар ҷабҳа ва ҳам  ақибгоҳ муҷиби  ба даст овардани ғалаба гардиданд. Ин барои насли кунунии халқҳои собиқ шӯравӣ дарси ватандорист, ки бояд дар зеҳнашон ҳамеша ҷой диҳанд.
Ҳамеша  Ватанро бояд дӯст дошт ва барои ободию оромии он талош кард. Каме беэҳтиётӣ метавонад оқибатҳои ногувор оварад. Ватан барои инсони солимфикру оқил  аз ҳама дида муқаддасу азиз аст. Дар ин айём фирефтаи ҳар зархариди хориҷӣ нашавем. Аз ин  далерию ҳисси баланди ватандӯстии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки гузаштагони мо шомили онҳо буданд, бояд ибрат гирем ва Ватанро дар ҳама ҳолат ҳифз намоем.

Б. ФАЙЗАЛИЕВ,
устоди Донишкадаи сайёҳӣ,
соҳибкорӣ ва хизмат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2020    №: 91    Мутолиа карданд: 49
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед