logo

илм

Занони орёӣ тахтнишину чавгонбоз, гулдӯзу навозанда... буданд

Агар ба шоҳроҳи тӯлонӣ ва пур аз шебу фарози паймудаи инсоният назар афканем, дар он як чеҳраи зебою нуронӣ ва пайкари ҷозибу дилнишинеро мебинем, ки машъали нурафшонеро монад. Ин машъали  фурӯзон Зан-Модар аст, ки ба меҳри гарми хуршедии хеш роҳи башарро мунаввар намуда. 
Зан-Модар нахустин мавҷуди заминист, ки инсоният онро парастидааст. Муҷассамаву пайкараҳои Олиҳа – Модар  дар тамаддунҳои куҳани Шарқи бостон, аз ҷумла Орёнзамин фаровон ёфта шудаанд.
Тарроҳи азал ба бонувон чеҳраҳои дилкашу зеборо арзонӣ дошт. Анвои зеварҳои нафису нодири симину зарин оганда ба дурру лаълу ёқуту алмосро барои занон офаридаанд, то дилрабову нозанинтар бошанд.
Мо аз маҳсули хушу гуворои дастони Модар - ғизоҳои лазизу пероҳанҳои нарму гарму ҳарир ва гулдӯзиҳои нигоринаш, ки манзилҳоро ба гулхона табдил додаанд, ҳаловат мебарем. Имрӯз садҳо сӯзаниҳо ва зардӯзиҳои бонувони тоҷик толорҳои осорхонаҳои ҷаҳонро оро медиҳанд.
Бонувон дар ҳама замонҳо на танҳо чароғи рахшони хонавода, балки такондиҳандагони илму ҳунар, сиёсату иқтисод буданд ва  ба қадри ин қудрати нерӯи зеҳнии онҳо ниёгони мо  расидаанд. Тасвири зебои бонувони чобуксавору чавгонбоз ва навозандаву раққоса дар деворнигораҳо ва пайкараву мусаввараҳо гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Номи шоираҳо ва навозандаҳои асрҳои гузашта ба ҳамагон шиносанд.
Муаррихони даврони куҳан ва асримиёна оид ба бонувони ҷасуру закию ҳушманде чун Рухшонаю Апама (духтари Спитамен), ки маликаҳои давлатҳои бузург буданд, ахбор додаанд. Наршахӣ маликаи мулки Бухороро «зани ширин ва боҷамол» номида, ки сарлашкари араб Саид волаву мафтуни ӯ гашта буд. Танҳо дар асри VII ду бону бонавбат соҳиби тахти мулки Панҷаканд будааст. Аммо пас аз ҳуҷуми даҳшатзои муғул кишвари мо хароб гашт ва аз он асрҳо бонувон ранҷҳо диданд, ҳуқуқу озодиҳои онон маҳдуд шуданд. Ва шукри Худо, ки як аср боз бонувони тоҷик баҳри фатҳи қуллаҳои баланди илм, маориф, ҳунар, тиб, варзиш, сиёсат ва ғайра кӯшиш доранд. Ояндаи бонувони мо дурахшон аст.

У. Зарвонӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 906

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед