logo

иҷтимоиёт

РӮЗИ ҒАЛАБА РӮЗИ МО ҲАМ ҲАСТ

Мардуми  Тоҷикистон  ҳар сол Рӯзи ғалабаро  ҳамчун  як  саҳифаи  фоҷиабори  таърихи  асри гузашта  ба хотири  пос доштани  диловариву  шуҷоат ва  ҷонбозиҳои  фарзандони  бонангу  номуси  Ватан ҷашн мегиранд.
                                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон
Дар таърих воқеаҳое ҳастанд, ки бо ҳарфҳои заррин сабт мешаванд. Масалан, ғалабаи халқи шӯравӣ аз болои  қӯшунҳои Германияи фашистӣ,  бо ҷонбозию матонат ва қурбониҳои  зиёд ба даст омада сабт гардидааст, ки дар он беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон дар майдонҳои набард корнамоӣ нишон дода, бо силоҳ зидди  хасми  ҷинояткорон мубориза бурда, 90 ҳазораш шаҳид шуд. Дар  ҷанги хунин барои расидан ба ин рӯзи саид тамоми мардуми тоҷик - аз кӯдаки мактабхон то пири садсола саҳм гузошт. Аз ҷумла, дар майдонҳои ҷанг баробари ҳама, омӯзгорон низ иштирок карда, пас аз ғалаба боз барои таълиму тарбияи шогирдон камари ҳиммат бастанд.
Ҳайитбой Ҳакимов аз зумраи он нафаронест, ки дар айни ҷавонӣ мисли дигар  ҷавонмардони далеру шуҷоъ барои дифои Ватан рафта,  пас аз ғалаба  чун маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм ба Ватан баргашта, то синни  нафақа ба ҳайси  омӯзгори  омодагии ибтидоии ҳарбии МТМУ № 26, деҳаи Навободи шаҳри Истаравшан кор кард. Ба шогирдонаш мардонагию ҷасорат, ватандӯстию худшиносӣ ва масъулиятшиносиву  таҳаммулпазириро омӯзондааст.
Ҳайитбой Ҳакимов  19-уми январи соли 1920 дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти “Нофароҷ”- и шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб ба сохтмони канали  Фарғона сафарбар ва худи ҳамон сол  ба сафи Армияи Шӯравӣ  даъват мешавад.
Соли 1941 баъди иштирок дар ҷанги Финляндия ба Ватан бармегардад. Соли 1943 ӯро боз ба фронт мефиристанд. То лаҳзаҳои охирин  дар майдони ҷанг диловарона ҷасорат нишон дода, чанд маротиба  захм мебардорад. Бо вуҷуди ин, Ҳайитбой Ҳакимов имрӯз ҷасурона бо қомати баланду чеҳраи нуронияшон набераву аберагонро ҷамъ намуда, давлати пирӣ меронад.
Ногуфта намонад, ки Ҳайитбой Ҳакимов дорандаи  ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи 2 ва 17 медали ҷангию ҷашнӣ, медалҳои “За отвагу”, “Ветерани меҳнат” мебошад..

Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,  омӯзгори МТМУ № 40, шаҳри Истаравшан
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.05.2020    №: 91    Мутолиа карданд: 51
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед