logo

ҳуқуқ

ДУНЯВИЯТ НИЗОМИ ТАЪМИНКУНАНДАИ АДОЛАТУ ПЕШРАФТ

Дунявият низомест, ки дар қолаби он ҳамаи умури иҷтимоӣ-мабнӣ бар  додаҳои илмӣ созмон меёбанд ва пайдоиши он марбут ба замонест, ки улуми табииву риёзӣ инкишоф ёфт, низоми нави истеҳсолоти саноатӣ ба вуҷуд омад ва башарият аз тарзи идоракунии динмеҳвар даст кашид.
Дар аксар кишварҳои ҷаҳон дар тӯли таърих муддати мадиде низомҳои динмеҳвар ҳокимият доштанд, ки танзими ҳамаи умури иҷтимоӣ бар дасти онҳо буд. Тақрибан тӯли ҳазор сол аз замони дини расмии империяи Рим эълон шудани масеҳият то қарни XIII дар Аврупо тамоми танзими умури сиёсию иҷтимоӣ бар души рӯҳоният ва калисо буд. Онҳо бо такя ба аҳкоми динӣ, ҳатто андешаи инсонро дар мавриди ҷаҳон, инсон ва донишу ҷомеа маҳдуд карда буданд. Зарфи ҳазор сол кишварҳои аврупоӣ дар чунин ҷомеаи бастаи таассубзадаи пур аз фишор ба сар бурдаанд ва танҳо дар асри XIII  тобиши нурҳои хирад яхи таассубу хурофоти динии аврупоиёнро ба зудудан оғоз кард.
Дар ин аср  донишмандоне  зуҳур карданд, ки бар хилофи ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии динӣ қарор гирифта, назарҳои нави аз лиҳози улуми табиатшиносӣ басубутрасидаро мавриди баррасиву арзёбӣ қарор доданд. Ин аср замони зуҳури донишмандоне, аз қабили Николай Коперник, Ҷордано Бруно, Галилео Галилей, Томас Мор, Томазо Компанелло ва дигарон буданд, ки бо андешаҳои нав низоми куҳнаи ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ, танзими умури иҷтимоиро мавриди интиқоди шадид қарор доданд. Аз назарияи гелеосентрикии Коперник шурӯъ намуда, ором - ором асосҳои ҷаҳонбинии теологӣ мавриди шакку тардид қарор гирифтанд. Ин кашфиётҳо заминае гардиданд, то догматизми динии асримиёнагӣ бебунёдии худро собит намояд. Пас аз Коперник Ҷордано Бруно таълимоти табиатшиносии хешро дар ин самт идома дода, ба маърифати табиат мепардозад. Ӯ ҳамбастагии заррот ва ҳамеша дар ҳоли мутаҳаррик будани оламро баррасӣ менамояд. Тасаввурот дар бораи тағйироти куллии табиат дар бораи ҷараёни пайдоишу нестшавии ашёҳо ва аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузаштани падидаю предметҳоро Бруно собит месозад. Пас аз он Галилео Галилей дар заминаи кашфиёти Коперник ба кайҳоншиносии илмӣ асос мегузорад ва бори аввал дар заминаи мушоҳидаву таҷриба космологияи собиқро мавриди интиқод қарор медиҳад. Ӯ масъалаҳои механикаро ҷамъбаст намуда, ба таври таҷрибавӣ вазндории ҳаворо муайян ва мунтазам афзудани суръати ҳаракати ҷисмро ошкор сохт, ки ҳама ҷисмҳо ҳангоми афтодан бо суръати якхела ҳаракат мекунанд. Дидгоҳи Галилео Галилей як дидгоҳи наве буд, яъне дидгоҳи механикӣ, ки ба дидгоҳи динӣ сахт дар мухолифат қарор дошт. Галилей мегуфт, ки ҳангоми омӯхтани табиат на аз эътибори Библия, балки аз таҷрибаю мулоҳизаҳои мантиқӣ бояд шурӯъ кард. Ба қавли ӯ, бояд дин ба эътиқод сару кор дошта бошад ва илм бо табиат.  Аз тарафи Галилей кашф шудани ситораҳои нав мушоҳидаи пайдо ва нестшавии доғҳои офтоб, ҳаракати сайёраҳо, догмаи диниро, ки тибқи он ҷисмҳои осмонӣ комилу абадӣ ва фаннонопазир мебошанд, инкорнопазир мебошад. Ҳамин дидгоҳи илмиро пас аз мутафаккирони замони эҳё ҳазорон донишмандони дигар дар саросари ҷаҳон идома бахшиданд.
 Инсоният танҳо бо роҳи шинохти илмӣ дар садсолаҳои охир тавонистааст, сатҳу сифати зиндагии хешро комилан иваз намояд ва ба дастовардҳои бузургтарини илмию технологӣ даст ёбад. Имрӯз кишварҳое, ки дар сатҳи минтақаву ҷаҳон ҳарфи аввалро мезананд ва қудрати минтақавию ҷаҳониро дар даст доранд, натиҷааш дарёфти донишҳои мантиқиву илмӣ аст, ки аз роҳи татбиқи онҳо тавонистаанд, худро ба қудратҳои  минтақавӣ ё ҷаҳонӣ табдил диҳанд. Ин кишварҳо низ замоне таассубу хурофот ва донишҳои диниро меҳвари асосии идоракунии сиёсии худ қарор дода буданд, вале давоми 500 соли охир донишмандону мутафаккирон ва равшанфикрони ин ҷомеаҳо зина ба зина сатҳу сифати донишҳои илмиро боло бурданд. Имрӯз дар ин гуна ҷомеаҳо дин ва бовару эътиқодоти динӣ танҳо кори  фардӣ аст ва ҳар инсон дар бовару эътиқоди хеш озод буда, метавонад ин ё он бовару эътиқод ё ҳеҷ як аз онро напазирад. Ҷомеаи дунявӣ, ки асоси он илмгароист ҷомеаест, ки дар он нақши ҳалкунандаро зеҳният ва тафаккури инсонӣ месозад. Ҳамаи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ аз роҳи таҳлилҳои дурусти илмию мантиқӣ муайян шуда, роҳҳои ҳалли он пешбинӣ мегардад. Ҳамин аст, ки дар ин навъи ҷомеа донишҳои асоси илмидошта ҷойгоҳи вижаи худро доранд ва олиму мутахассис ба ҳайси меҳвар ва пешбари он шинохта шудаанд.
Мутаассифона, дар ҷомеаҳои шарқӣ ки бештар ҷаҳонбинии динӣ ва донишҳои диниро ба ҳайси асолат ва мутлақ қабул менамоянд, неруҳои зеҳнии инсонро маҳдуд карда, онро ба мавҷуди вобаста, бефоида, паст ва тарсанда табдил медиҳанд. Зеҳнияти инсонро ба таассуб кашонда, қабули андешаҳои гуногун ва таҳлилу баррасии онҳоро аз байн мебаранд. Таассубият инсонро ба мавҷуди бераҳму сангиндил ва ғайри қобили таҳаммул тарбият мекунад. Зеро инсони таассубзада ба ҷуз аз донишҳои маҳдуди хеш дониши дигареро қабул надорад. Сатҳи донишҳои илмӣ ниҳоят маҳдуд аст. Муносибат ба одамон дар сатҳи баланди дискриминатсионӣ (ҷинсӣ, динӣ - мазҳабӣ, табақавӣ) вуҷуд дорад. Аксари ин навъи кишварҳо вопасгаро, мардумонаш фақир ва осебпазиранд. Ҳамин гуна вазъро метавон дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ба осонӣ мушоҳида намуд. Ҳарчанд ин кишварҳо аз лиҳози захоири табиӣ кишварҳои сарватманд ба ҳисоб мераванд, вале набуди сатҳи баланди донишҳои илмӣ ва ҳокимиятҳои теократие, ки дар ин кишварҳо ҳукмрон аст, бошандагони ҷомеаро ба нафарони таассубзадаву хурофотӣ табдил додааст, ки онҳо ҳамеша дар бархӯрду рӯё рӯӣ бо воқеияти ҷаҳон қарор мегиранд. Аз тарафи дигар захоири саршори табиии дар ин кишварҳо буда бо сабаби набуди ҷомеаи ақлгаро ва илммеҳвар дар шакли ашёи хом ба кишварҳои дигар содир мешавад. Ин кишварҳо на ҳамчун кишвари истеҳсолгар, балки ҳамчун кишвари истеъмолгар ва бозор барои кишварҳои истеҳсолгари ҷаҳон маҳсубанд.
Аммо  баъзе гурӯҳҳо мехоҳанд бо роҳи ривоҷ додани донишҳои динӣ, мутлақ арзёбӣ кардани онҳо, афкори ҷомеаро ба тарафи худ тамоюл бахшида, аз ин роҳ дунявияти ҷомеаро аз байн баранд ва низоми теократиро рӯи кор оваранд. Чунин навъи муносибат барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа хатарафзо аст. Зеро таҷрибаи кишварҳои олам нишон додааст, ки  ҳокимияти теократӣ ҳеҷ гоҳ на ба манфиати миллатҳо ва на ба манфиати шаҳравандон наметавонад амалеро анҷом диҳад. Он танҳо фарогири манфиати гурӯҳҳои хурд ва табақаи рӯҳониён аст, ки аз роҳи тарвиҷи таассубу хурофот дукони тиҷоратии хешро гардон мекунанд, вале дар маҷмӯъ, миллатро дар беҳувиятӣ, мардумонро дар саргардониву бархурд ва кишварро ба дастнигару истеъмолгар табдил медиҳанд.
Ҳамин аст, ки дар муносибат ба навъҳои дониш бояд аз зовияи аҳамияти таърихӣ ва дурнамои рушди иҷтимоии ҷомеаҳо назар афканд. Зеро имрӯз ва дар оянда низ ҷомеаҳое, ки илмгароанд дунявият меҳвари асосии онҳост, хирад ва тафаккур асоси истеҳсолии онҳоро ташкил медиҳад, боз ҳам қавитар мегарданд ва ҷойгоҳи хешро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ истеҳком мебахшанд. Миллатҳои хешро қавӣ мегардонанд ва нуфузи хешро тавсеа мебахшанд. Баръакс ҷомеаҳое, ки дорои ҳокимияти теократианд бархурдҳо рӯз ба рӯз дар онҳо меафзояд, таассубу хурофот боло мегирад. Озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон маҳдуд мешаванд. Табъизи ҷинсӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ меафзояд, осебпазирии иҷтимоӣ боло мегирад. Дар маҷмӯъ, ин кишварҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷойгоҳу мавқеи хешро аз даст медиҳанд. Аз ин рӯ, пеш аз оне, ки ин ё он таблиғоти аз тариқи расонаҳо ба фазо пахш гардида, қабул карда шавад, борҳо бояд аз лиҳози ақлу мантиқи солими ҳар фард мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Назар ХОЛНАЗАРОВ,
ходими калони илмии
Академияи миллии илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2020    №: 92    Мутолиа карданд: 125
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед