logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ШАҲРЕ, КИ ШУКУФТАН ДОРАД

Шаҳри Душанбе давоми чанд соли охир ба куллӣ симояшро тағйир дод. Касоне, ки чанд соли охир ба шаҳр наомада буданд, акнун онро дида, намешиносанд. Бунёди садҳо иншооти наву барҳаво, боғҳои камназири истироҳатӣ, гулгаштҳои зебо, роҳу пулҳо ва муҳимтар аз ҳама, оромиву осоиштагии Душанбе ҳамаро мафтун мекунад. Ин ҳама самари Истиқлолияти давлатӣ, заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷавону ободгари шаҳр Рустами Эмомалӣ ва сокинони заҳматпешаи пойтахт мебошад.
Дар раддабандии байналмилалӣ Душанбе дар қатори амнтарин шаҳрҳои дунё эътироф гашт ва моҳи октябри соли гузашта  ба даҳгонаи   беҳтарин  шаҳрҳои барои саёҳати  тирамоҳӣ  мувофиқи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  шомил шуд.
Рустами Эмомалӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки симои Душанберо комилан дигар созад. Бо ин сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, хусусан шаҳри Душанбе, бештар рӯ оварданд. Бо дастури Пешвои миллат ҷиҳати таъмини амнияти сайёҳон дар мамлакат милитсияи сайёҳӣ ташкил ёфт.
Бояд гуфт, ки дар шаҳр барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакону наврасон низ чораҳои муассир рӯи кор омадаанд. Тайи се соли ахир аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 18 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд. Танҳо соли гузашта 11 муассисаи нави таълимӣ бо 16 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ёфт. Ҳоло бошад, дар пойтахт сохтмони 14 муассисаи томактабӣ барои 1717 ҷойи нишаст ва муассисаҳои зиёди таҳсилоти умумӣ идома дорад.
Ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар се сол мавриди истифода қарор гирифтани 231 майдончаи варзиш ва 71 боғу гулгашт далели ин гуфтаҳост.
Боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳр ба макони сайру гашт ва истироҳати на танҳо сокинони пойтахт, балки меҳмонони дохиливу хориҷӣ табдил ёфта, боз 5 боғи фарҳангу фароғатӣ бунёд ва 6 боғ навсозӣ хоҳад шуд. Солҳои пеш дар назди ҳар бино мавҷуд будани майдончаи варзиширо мо танҳо орзу мекардем. Хушбахтона, имрӯз барои сокинон тамоми шароитҳо муҳайёанд. Моро мебояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо ба қадри заҳматҳои пайвастаи роҳбарияти шаҳр бирасем  ва иншооти болозикрро, ки барои мо сохта шудаанд, эҳтиёткорона истифода барем. Зеро пойтахти азизи мо оинаест, ки имрӯзу фардои Ватанро намо медиҳад.

Ҳикматулло АБДУЛЛОЕВ, сокини шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2020    №: 92    Мутолиа карданд: 200
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед