logo

иҷтимоиёт

ХУДБОХТАГӢ. НАҲЗАТ АЗ COVID-19 НИЗ МАНФИАТ МЕҶӮЯД

Ба назар мерасад, ки тавсеаи бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар саросари ҷаҳон то андозае авҷи терроризму экстремизм ва амалҳои фоҷиабори ифротгароёнро фурӯкаш кардааст. Вале душманони миллати тоҷик, сарсахтона саъй доранд, ки аз ин мусибати ҳамагиру ҷаҳонӣ низ ба нафъи хеш истифода кунанд.

Воқеан, дар чанд моҳи пеш мубориза бо терроризму экстремизм ҳарфи аввал дар ҷаҳон буд. Кунун паҳншавии босуръати вабои аср - COVID - 19 дар саросари ҷаҳон то андозае зеҳни мардумро аз ин масъала дур кард. Ҳоло пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон, созмону институтҳои байналмилалӣ пеши коронавирус оҷиз мондаву ҳар рӯз шоҳиди талафоти зиёд мегарданд. Ҷомеаи ҷаҳон низ ба навҳае дар талоши пайдо кардани дармони ин маризӣ қарор дорад. Халқияту миллатҳои гуногуни олам даст ба дасти ҳам дода, барои пешгирӣ аз паҳншавии он муттаҳид мешаванд. Аммо, душманони миллати тоҷик ҳанӯз қадами шуми ин беморӣ ба сарзамини мо нарасида, мардумро ба таҳлука андохта, дар чунин вазъ низ кӯшиш мекарданд, ки дар ҷомеаи мардумсолори тоҷик тухми нифоқ коранд.
Табиист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин вабо дар канор буда наметавонист. Аммо, чораҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар робита ба пешгирӣ аз паҳншавии вирус ва сирояти он ба аҳолӣ натиҷаҳои чашмрас дод. Дар зарфи чор моҳе, ки пандемия ҷаҳонро фаро гирифт, мардуми тоҷик аз ин вабо дар канор буд. Вале фирориёни наҳзат аз чунин иттифоқот хобу хаёли худ гум карданд ва ғолибан чашм ба роҳи коронавирус буданд. Аз набуданаш дар кишвари мо дар изтироб буданду, баробари сабти аввалин ҳолатҳои сироятшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба вирус табли шодӣ заданд. Шеваи бозтоби ҳаводиси вобаста ба COVID-19 дар расонаҳои интернетии таҳти фармони ин хоинон қарордошта ба ҳақиқати ин амр далолат мекунад ва бори дигар маълум гардид, аъзои фурӯхташудаи ТТЭ ҲНИ дар ҳеҷ маврид хостори рифоҳи миллати тоҷик набуду нест. Яқин шуд, ки барои ин  хоинон, ки асли арзиши онҳоро пул ташкил медиҳад, ҳеҷ гуна муқаддасот ва арзиш ҳам вуҷуд надорад. Аз қабл мушаххас буд, ки ин тоифаи мардумбезор ғуломи пулу сармоя гашта, фақат ба роҳи тавтеаву дуруғпардозӣ бо мафҳумҳое, чун демократияву озодӣ бозӣ мекунанд.
Мушкили имрӯзи мардуми тоҷик, ки ҳамвора тамоми халқу миллатҳои ҷаҳонро фарогир аст, дер давом нахоҳад кард. Вале боз ҳам фаромӯш нахоҳад шуд, ки ҳанӯз дар оғози Истиқлолияти давлатӣ саркардагони ин ҳизби террористӣ бо пулу сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азимеро оварданд, ки боиси қурбонии беш аз 150 ҳазор одам гардид. Ҳоло ҳам дар пасманзари COVID – 19 ин гурӯҳ хостори маргу мири бештари одамон ва рукуди иқтисоди кишвар ҳастанд, ки бо фазли Илоҳӣ, роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иттиҳоду ҳамбастагии халқ ҳаргиз чунин иттифоқоте ба миён нахоҳад омад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар дар вазъияте қарор надорад, ки наҳзатиҳои фирорӣ битавонанд, бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон вазъро харобу ноором созанд.
Халқи шарафманди тоҷик, дигар мисли солҳои навадуми асри гузашта нест, ки гурӯҳҳои тахрибкоре чун наҳзатиҳои беҳувият онҳоро ба доми худ кашанд. Мардуми тоҷик ҳангомаву ояндабиниҳои бадбинонаи онҳо дар робита ба вабои асрро ҷиддӣ намегиранд ва баръакс бо иродаи қавию устуворона барои пирӯзӣ зиндагии маъмулии худро идома медиҳанд. Танҳо зарур аст, ки мардум оқибатҳои фоҷиабор, ғаразу ҳадафҳои аслии ин гурӯҳи худбохтаи манфиатҷӯро дар ҷаҳони андешаи худ маърифат кунанд ва аз макри минбаъдаи онҳо дар канор монанд.

Темурҷон ЭШБЕКОВ,
ассистенти кафедраи муносибатҳои молиявӣ - қарзии Донишгоҳи
давлатии молия ва иқтисод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2020    №: 92    Мутолиа карданд: 163
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед