logo

иҷтимоиёт

90 СОЛ. ТАЪРИХИ АВВАЛИН БОРГОҲИ МАЪРИФАТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар арафаи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коллеҷи омӯзгории   Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар тарбияи ҳазорҳо мутахассиси соҳаи маорифу фарҳанг саҳми арзишманд дорад, 90 – сола мешавад. Бояд гуфт, ки саҳми ин боргоҳи маърифат дар тарбияи омӯзгорони варзида, олимони маъруф, шоирону нависандагони шинохта, воқеанигорону  рӯзноманигорон, роҳбарону сарварони идораю муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла Соҳиб Табаров, Самариддин Каримов, Саймуҳаммад Одинаев, Худойназар  Асозода,  Раҳимҷон Саидов, Ғаффор Мирзо, Барот Абдураҳмонов,  Ҳақназар Ғоиб,  Муҳаммад Ғоиб,  Салими Хатлонӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун,  Муқим Салимов ва дигарон басо бузург аст.
Шодравон Соҳиб Табаров дар дафтари хотирааш аз солҳои донишҷӯӣ ёд карда, чунин иброз медорад: «Ман соли 1939 таҳсилро дар омӯзишгоҳи маҳбуби худам бо баҳои аъло хатм  намудам,  дар он солҳо, ки толибилмон хеле кам буданд, бештар дар омӯзишгоҳ бачагони ятимхонаҳо таълим мегирифтанд.  Ҳамроҳи ман дар як курс Акрам Сафаров,  Ашур Давлат,  Амон Бобоев,  Чорӣ  Пирназаров, Лашкари Раҳмон, Ҳамро Раҷаб ва дигарон сабақ мегирифтанд. Ҳамчун муассисаи аввалини таълимӣ, беҳтарин муаллимон дар омӯзишгоҳ ба мо сабақ меомӯхтанд, ки онҳо аз тамоми гӯшаю канори  ҷумҳурӣ буданд. Абдулло Ҳамроев директори онвақтаи омӯзишгоҳ аз фанни таърих сабақ  меомӯзонд, Аҳмадҷон Раҳимзодаи  бухороӣ муаллими фанни педагогика буд. Ғулом Ҷабборӣ муаллими физика, бародари Сотим Улуғзода Мухтор Улуғзода аз илми ҷуғрофия дарс мегуфт. Муаллими адабиёт Ятимови файзободӣ буд. Раиса Максимовна Костюкова ва Каримов Солеҳи  самарқандӣ аз забони русӣ дарс мегуфтанд.  Кори маҳфилҳо хеле фаъол буд. Аз ин маҳфилҳо ходимони намоёни илм, фарҳанг тарбия гирифта ба воя расиданд...
Ташкили ин омӯзишгоҳ ё донишкада дар оғози солҳои сиюми асри ХХ яке аз  комёбиҳои бузург дар ҷабҳаи маориф ва маданияти халқи тоҷик буд ва банда бо тамоми ифтихори баланд мегӯям, ки худро фарзанди ҳамин омӯзишгоҳи ҷоноҷонам меҳисобам ва то охири ҳаётам хизматҳои роҳбарони онро аз хотир намебарорам. Махсусан, хизмати ҳамон мураббиёне, ки мо барин ятимбачагони солҳои сиюмро ба ин дараҷаи ҳозира расондааст».
- Соли 1956 дастаи ҳаваскорони омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дар шаҳри Москва дар фестивали дастаҳои ҳаваскорони санъат бо барномаи рангине баромад мекунад, - ёдовар мешуд муаллими ҳамин коллеҷ, шодравон Раҳматулло Бобоев. - Баъди аз Москва баргаштан аз ҳисоби дастаи ҳаваскорон, театри халқии Кӯлоб ташкил мешавад.
Дар солҳои 80-уми асри гузашта бо сабаби зиёд шудани шумораи муаллимон, хостанд ин омӯзишгоҳро банданд, вале бо талошҳои директори бисёр дурандеш ва маорифпарвари  онвақтаи муассиса Абдукарим Ҳалимов он барқарор монд. Абдукарим Ҳалимов беҳтарин омӯзгоронро ҷамъ оварда,  пояи  маънавии  коллеҷро  пурқувват гардонд. Шуъбаи ғоибонаро ташкил намуд. Муаллимоне, ки дар деҳаҳои дурдаст бе маълумоти омӯзгорӣ кор мекарданд, дар шуъбаи ғоибона таҳсил намуда, дониши худро такмил медоданд.
Соли 1999 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб  ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ табдил дода шуд. Ба тасвиб расидани  қарори  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  дар  бораи  таҷлили  80 - солагии коллеҷи омӯзгорӣ дар соли 2011 таваҷҷуҳ ва қадршиносии Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз  ин даргоҳи маърифат ва хизмати омӯзгорони он маҳсуб меёфт.
Имрӯзҳо омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон тайёрии ҳаматарафа дида, дар ҷавоб ба ғамхориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми дониш, маҳорати касбӣ, неруи созандаю бунёдкоронаашонро баҳри таълиму тарбияи ҷавонони болаёқат, тайёр намудани мутахассисони арзандаи соҳаи маорифи кишвар ва иҷрои вазифаҳои муҳими рӯз равона менамоянд.

Тобусбӣ АХМЕДОВА,
муаллимаи калони кафедраи педагогика ва психологияи коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2020    №: 92    Мутолиа карданд: 51
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед