logo

Хабарҳо

КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо назардошти пандемияи коронавирус ва пешгирӣ аз паҳншавии он баҳри ҳаводорони олами китоб, махзани  махсуси  электронӣ таъсис дода шуд, ки фонди он  бештар аз 321 ҳазор адабиёти тоҷикӣ, русӣ ва  англисиро дар бар мегирад. 
Тавре Зафар Саидов, сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ - иттилоотии муассиса, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод: «Дилхоҳ хонандае, ки ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ дорад, метавонад китобҳоро озодона дастрас намояд. Китобҳои махзан дар шакли PDF ҷойгир шуда, метавон дар дохили сомона  тариқи телефони мобилӣ ҳам онҳоро мутолиа кард. Китобҳое, ки барои хониш дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавсия шудаанд, дар китобхонаи электронӣ фароҳам буда, аз дилхоҳ  гӯшаи дунё дастрасанд».  
Ба иттилои мавсуф, дар 4 моҳи соли ҷорӣ аз китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз  30 ҳазор хонанда истифода бурдааст. Шаҳрвандон  баъди аз қайд  гузаштан дар сомона имкони дастрасӣ  ба  беш аз 321 ҳазор  китобро пайдо мекунанд. Кормандони шуъба боз кӯшиш доранд, ки  шумораи адабиёти фонди электрониро бештар гардонанд. Ҳамчунин, дар дохили китобхона толори хониши китобҳои электронӣ фаъолият мекунад, ки дар он 170 компютер ба интернет пайваст буда, тариқи ройгон ба хонандагон хизмат мерасонад. 
Ёдовар мешавем, ки  бо назардошти вазъияти баамаломада хонандагону донишҷӯён имкон доранд тариқи китобхонаи электоронӣ бештар ба мутолиаи китоб машғул шуда, ба озмунҳои дарпешистода  омодагӣ гиранд.
Инчунин, ҳамарӯза дари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба рӯи хонандагон боз аст. Бо таваҷҷуҳ ба пурзӯр намудани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID - 19 низоми дохилшавӣ ба китобхона тағйир ёфта, қабл аз дохилшавӣ ба китобхона ҳам кормандон ва ҳам хонандагон аз ташхис мегузаранд.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 526
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед