logo

ҳуқуқ

ИНСОФ. ҚИМАТФУРӮШОНИ ДОРУ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА ШУДАНД

Мақомоти прокуратура ва раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зимни як санҷиши муштарак ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба муомилот баровардани маводи дорувории пастсифат, қалбакӣ ва ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархро дар дорухонаҳои пойтахт ошкор ва дастандаркорони ин амали носавобро ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ бо пешниҳоди чанд мисоли рӯшан дар ин бора хабар дод. Манбаъ бо такя ба натиҷаҳои санҷиш изҳор медорад, ки як қатор соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳида, бо истифода аз хуруҷи пандемияи бавуқӯомада (COVID-19), даст ба фиреби истеъмолкунандагон зада, доруҳои зиддивирусиро бо қимати баланд ба фурӯш гузоштанд. Чунончи, зимни хариди санҷишӣ дар дорухонаи № 29 - и ҶДММ «Шифои Сино», воқеъ дар кӯчаи Ҳилолӣ 17-и пойтахти мамлакат  маълум шудааст, ки шаҳрванд Исмоил Таҷалов бидуни маълумоти махсуси фармасевтӣ ба фурӯши маводи доруворӣ машғул шуда, доруи зиддивирусии «Арбидол» - ро ба ҷойи 45 – 57  сомонии муқарраршуда, ба харидори шартӣ бо нархи 250 сомонӣ фурӯхтааст. Дар ҳамин ҳол, аз дорухонаи мазкур 4 номгӯи маводи дорувории муҳлати истеъмолашон гузашта дарёфт ва аз муомилот гирифта шуд.
Намояндагони мақомоти номбурда, дар идомаи санҷиш боз як доруфурӯши ғайрикасбии дигарро ошкор намуданд, ки дар дохили мошини худ ба савдои дору машғул буд. Тавре таъкид мешавад, шаҳрванд Абдурофеъ Саидов бе доштани маълумоти махсуси фармасевтӣ ба чунин кор даст зада, 100 адад ниқоби тиббии махсус, 50 адад дорувории «Левофлаксатсин», 5 адад доруи «Арбидол», 5 адад доруи «Азитромитсин», 5 адад доруи «Эргоферон» - ро берун аз дорухонааш, яъне дар дохили нақлиёти шахсӣ бо нархи баланд ба фурӯш гузоштааст. Зимнан, санҷишгарон аз дорухонаи мансуб ба ин шаҳрванд 15 номгӯи доруеро ошкор карданд, ки бе сертификат ва ҳуҷҷати расмии воридотӣ ба савдо гузошта шудааст.
Чунин амалро Гулғунча Ёқубова низ ба худ раво дида, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол кардааст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз дохили нақлиёти шахсии ӯ маводи гуногуни тиббӣ, аз қабили дастпӯшак, либоси махсуси тиббӣ, айнакҳои муҳофизатӣ дарёфт намуданд, ки бидуни ҳуҷҷатҳои расмӣ ва иҷозати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархи бамаротиб гарон ба фурӯш гузоштааст.
Сарчашма зикр менамояд, ки шахсони номбурда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маводи тиббиву дорувории аз онҳо мусодирашуда дар  ихтиёри раёсати тандурустии шаҳри Душанбе гузошта шуд.
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл мақомоти милитсияи пойтахт низ дар доираи амалиёти шартӣ таҳти унвони «Дорухона» чанд ҳолати ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббиро ошкор ва муҷримони онро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд. Зимнан, раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳушдор дода буд, ки амалиёт дар ҳудуди пойтахтро идома дода, чунин амалҳои ғайриқонуниро бе посух намегузорад.

Ф. ҶУМЪАЕВ,  «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.2020    №: 93    Мутолиа карданд: 304
22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ 56 654 ТОННА ПАХТА

ЗАРКОРОНИ ЛЕВАКАНТ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

ММВЗО «СОЛОР» – ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН БАЙНИ НАВРАСОНИ ТО 14 - СОЛА

07.10.2020


МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

ҶАМЪОВАРИИ 2660 ТОННА ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

ДАНҒАРА. ОМОДАГИҲО МУТАШАККИЛОНА ИДОМА ДОРАНД

06.10.2020


ЛИГАИ ОЛӢ. КМВА ҶОИ СЕЮМРО ГИРИФТ ВА «ЛОКОМОТИВ – ПОМИР» БА ЛИГАИ АВВАЛ РАФТ

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед