logo

Хабарҳо

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

Чуноне ба мушоҳида мерасад, калонсолон дар бисёр маврид назди хатари COVID – 19 оҷиз мемонанд, вале кӯдакон бошанд, онро ҳатто дар сурати бемориҳои музмин доштанашон, осон аз сар мегузаронанд. Дар баъзе ҳолатҳо бошад, ҳангоми тамоси доимӣ бо гирифторони вируси нав, онҳо сироят намеёбанд.
Дар ин бора зимни мусоҳиба бо АИР «Новости» мудири шуъбаи педиатрии беморхонаи «Ҳадассаи Байтулмуқаддас» Яков Беркун  иброз доштааст.
Тавре ӯ зикр намуд, тибқи тадқиқот, кӯдакон ниҳоят кам ноқилони вирус мешаванд ва қариб, ки атрофиёнашонро сироят намесозанд. Ба гуфтаи Беркун, сабаби чунин падидаи шигифтангез, яъне осон паси сар кардани бемории коронавирус ба сохтори масунияти онҳо пайвандӣ дорад.
- Дар кӯдакон системаи масунӣ ба қадри кофӣ инкишоф наёфтааст. Ва эҳтимол он қисматаш, ки ҳанӯз рушд накардааст, барои мубориза бо вируси нав зарур нест. Системаи масунияти модарзодӣ бошад, муқтадиру муассир буда, гӯё ба ҷои он ҳам мубориза мебарад,- тавзеҳ дод табиб ва афзуд, ки аз оғози пандемияи коронавирус борҳо шоҳиди воқеаҳои ғайриодӣ шудааст. Аз ҷумла, дар оилаи 10 – 12-нафара аксари калонсолон сироят меёфтанду хурдсолон не.
Шояд баъди шикаст додани COVID-19 олимон аз пайи тадқиқи ин феномени кӯдакон шаванд ва шояд ин «коди бегазандӣ» барои калонсолон низ бозёфте гардад.

Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1476
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед