Хабарҳо
ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД
Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара санги асоси сохтмони Мактаби байналмилалии «Орион» гузошта шуд.
Мактаби байналмилалии «Орион» барои 1600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз се ошёна, 40 синфхонаи таълимӣ, ҳавзи шиноварӣ, толори варзиш ва дигар инфрасохтори муосири таълимӣ иборат хоҳад буд. Дар назар аст, ки мактаб моҳи августи соли 2021 ба истифода дода мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисон тавсия дод, ки барои 200 нафар хобгоҳ низ бунёд намоянд, зеро дар ин мактаби замонавӣ аз дигар минтақаҳои мамлакат толибилмон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1538