logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 16 майи соли 2020, № 272, ш. Душанбе Дар бораи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ, номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба миқдори 36 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
3. Ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ иҷозат дода шавад, ки ду муовини сардор дошта бошад.
4. Барои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
6. Ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 597, «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 2 рақамҳои «180» ва «95» мувофиқан ба рақамҳои «144» ва «72» иваз карда шаванд;
- дар банди 4 рақами «7» ба рақами «4» иваз карда шавад.
7. Ба Низомномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 597, тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 1 калимаҳои «, фармасевтӣ ва санитарию эпидемиологиро» ба калимаҳои «ва фармасевтиро» иваз карда шаванд;
- сархатҳои чилунуҳум, панҷоҳуякум, панҷоҳудуюм, панҷоҳусеюм, панҷоҳупанҷум, панҷоҳушашум, панҷоҳуҳафтум, панҷоҳуҳаштум, панҷоҳунуҳум, шастум, шастуякум ва шастудуюми банди 5 хориҷ карда шаванд;
- дар сархати панҷоҳуми банди 5 калимаҳои «, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии» ба калимаҳои «ва ҳифзи иҷтимоии» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷоҳучоруми банди 5 аломати «;» ба аломати нуқта «.» иваз карда шавад;
- сархатҳои сиючорум, сиюшашум, сиюҳафтум, сиюҳаштум, сиюнуҳум, чилуякум, чилудуюм, чилусеюм, чилучорум, чилупанҷум, чилушашум ва чилуҳаштуми банди 6 хориҷ карда шаванд;
- дар сархати чилуҳафтуми банди 6 аломати «;» ба аломати нуқта «.» иваз карда шавад;
- сархатҳои сеюм ва нуҳуми банди 12 хориҷ карда шаванд.
8. Аз Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 597, «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» тасдиқ шудааст, сархати чорум хориҷ карда шавад.
9. Аз Номгӯи муассиса ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, № 597, тасдиқ шудааст, сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум хориҷ карда шаванд.
10. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида қабулу супоридани биноҳои маъмурӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар воситаҳои асосию гардони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро таъмин намояд.
11. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати ду моҳ санадҳои ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 93
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед