logo

иҷтимоиёт

COVID-19 ВА ВАО. ИТТИЛООТ БОЯД ДОРУИ РАВОНӢ БОШАД, НА БАРЪАКС

Моҳи панҷум муборизаи шадиди беш аз 200 кишвари дунё алайҳи вабои нав – коронавирус, ки дар ин муддат зиёда аз 4 миллион нафарро сироят кардааст, идома дорад. Шадидтарин буҳрони глобалӣ кулли соҳаҳоро фаро гирифта, хатари марговар наздики 4 миллиард одамро узлатнишин кардааст. Дар чунин вазъият, ки ҷомеа дар ҳолати изтирорӣ қарор дорад, нақши васоити ахбори омма бамаротиб меафзояд. Иттилооте, ки доир ба ин мавзӯъ тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор меёбад, метавонад боиси оромии ҷомеа гардад ё баръакс, ба асаби мардум нохун зада, онҳоро ба тарсу ваҳм орад ва вазъиятро печидатар созад.  

Рисолати феълии ВАО, пеш аз ҳама, расондани маълумоти дақиқу боэътимод ба шаҳрвандон ва онҳоро аз ҷараёни пандемия, бурду бохти мубориза бо коронавирус воқиф сохтан мебошад, на паҳн кардани ахбори бардурӯғ, носаҳеҳ ва ҳангомасоз. Алъон, зиёда аз 80 дарсади иттилоот, ки аз тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварҳо паҳн мегарданд, ба паҳлуҳои гуногуни пандемияи COVID-19 дахл мекунанд. Ташвишовар  аст, ки аксари чунин маълумот, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дақиқу саҳеҳ набуда, аз ҷиҳати оморӣ низ дуруст ва расмӣ нестанд. Натиҷаи номатлуби онҳо дар ниҳояти кор боиси ба таҳлука афтодани шаҳрвандон мегардад. Аз ин рӯ, дар чунин давраи мураккабу ҳассос сохторҳои давлатӣ бояд ба таъмини амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, тадбирҳое андешанд, ки аҳли ҷомеа аз рафти мубориза бо паҳншавии эпидемия, табобати беморон, карантин, маҳдудияти ҷоришуда сари вақт бо маълумоти муътамад таъмин бошад.  
Бояд гуфт, ки маҳз дар давраҳои буҳронӣ сарчашмаҳои иттилоотрасони ғайрирасмӣ фаъолтар мешаванд ва тавассути маълумоти носаҳеҳу ҳангомасоз бозори худро гарм кардан мехоҳанд. Дур намеравем, ду моҳи охирро дар мамлакатамон пеши назар меорем. Бо саъю кӯшиши Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои муассири зиёд ҷиҳати пешгирӣ аз коронавирус роҳандозӣ шуданд, ки дар натиҷа то моҳи май дар диёрамон ягон ҳодисаи сироят аз вируси нав сабт нашуд. Тоҷикистон аз кишварҳои ангуштшуморе буд, ки тӯли чор моҳ мардумаш аз ин вабои аср эмин монд. Лекин ба назар чунин мерасид, ки расонаҳои ғайрирасмӣ инро ҳеҷ қабул карда наметавонистанд. Бинобар ҳамин, он қадар боисрор дар пайи дарёфти ҳеҷ набошад як нафар гирифтори коронавирус буданд, ки бемории ҳар шахси фавтидаро ба COVID-19 рабт додан мехостанд. Ва чунин ахбор боиси овозаҳои гуногун мешуд, хоса дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Гузашта аз ин, мардуми ноогаҳу зудбовар ба ваҳм меафтоданд, ки аз коронавирус касе ҷон ба саломат намебарад, бинобар ин ҳангомаҳо нарх дар бозору мағозаҳо боло рафт. Хайрият, Ҳукумати кишвар бо чораҳои қатъӣ сари вақт пеши роҳи онро гирифт.
Яъне коронавирус на танҳо хатари ҷиддӣ ба саломатӣ шуд, балки боиси рақобати ахбори саҳеҳу оромкунанда ва дурӯғину пархошгар гашта истодааст. Чунки ҳадафҳо гуногунанд. Мутаассифона, онҳое, ки ба ин бофтаҳо бовар мекунанд, пай намебаранд, ки дар паси ин навиштаҳо чӣ ғаразҳо ниҳонанд. Дарк намекунанд, ки онҳо на ба хотири «тантанаи ҳақиқат», тавре муаллифонашон риёкорона иддао доранд, рӯи коғазу навор омадаанд, балки ғаразҳои муайян доранд.

Сафедро аз сиёҳ чӣ тавр бояд фарқ кард?
1. Сари дурустии ахбор андеша кардан. Дар байни истифодабарони шабакаҳои иҷтимоӣ, аллакай, муқаррарӣ шудааст, ки ҳар хабар ё маълумоти тавассути WhatsApp, Facebook ё Viber бо навиштаҷоти «ба дигарон фирисед» пайдокардаро ба наздикон ва ёру дӯстон мефиристанд. Лекин кори муҳиме, ки ҷиҳати пешгирии маълумоти бардурӯғ бояд  анҷом  дода шавад, ин саросема нашудан дар фиристодани чунин хабарҳо мебошад. Ҳар шахс аввал бояд андешад, ки он оё дуруст аст. Чун шубҳа пайдо шуд, набояд фиристод.
2. Манбаи хабар бояд санҷида шавад. Пеш аз равон кардани маълумот аз сарчашмаи он огоҳӣ доштан зарур аст. Бисёр маврид маълумоти бардурӯғ аз номи мақомоти давлатӣ ё созмонҳои байналмилалӣ нашр ва паҳн мегардад. Ин ҳангом аз назар гузарондани сомонаҳои расмии ин мақомот ва созмонҳо шубҳаро бартараф месозад.
3. Мутолиаи ахбор танҳо аз манбаъҳои боэътимод. Сарчашмаҳои иттилоот хеле зиёд ва гуногунанд, аммо на ҳамаи маълумоте, ки паҳн мегардад, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дақиқ ва қобили боварӣ мебошад. Аз ин рӯ, беҳтарин роҳ истифода аз расонаҳо ва сомонаҳои расмист.
Хуллас, мардуми шарифи мо бояд фирефтаи ҳар гуна «ҳақиқат»-ҳои сохта ва хабарҳои дурӯғин нашуда, тавсияҳои табибонро, ки барои шифои беморон имрӯзҳо ҷоннисорона мубориза доранд, қатъиян риоя  кунанд. Имрӯз бояд бо ниқоб гашт, бе зарурат кӯча набаромад, аҳли хонадонро эҳтиёт ва ба тозагӣ риоя кард. Ба ин васила мову шумо «умр»-и коронавирусро кӯтоҳ мекунем.

Фирӯз РАВШАНАЛИЕВ,
мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии  Маркази тадқиқоти стратегии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 120
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед