logo

иҷтимоиёт

ХЛОР. АФЗОИШИ ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ

Дар пайи чораандешии саривақтии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо бемории COVID – 19 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамоно маъракаи безараргардонӣ идома дорад. Шахсони масъул бо вазъи манзилҳои истиқоматӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ шинос шуда, онҳоро бо маводи зарурии тиббии безараргардонӣ, аз ҷумла хлор, таъмин карда истодаанд. Аммо дар ин маърака масъалаи дастрасии аҳолӣ ба хлор ва ройгон гузарондани безараргардонӣ ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мемонад.
Хлор моддаи химиявии табиӣ ба ҳисоб рафта, беҳтарин воситаи зидди бактерия мебошад. Намудҳои хлор гуногунанд, аммо аз ҳама серистеъмол гипохлориди калсий мебошад, ки алҳол дар тамоми ҷо истифода мешавад. Аз гипохлориди калсий, яъне хокаи хлор, маҳлули обӣ тайёр мекунанд,  Гипохлориди натрий бошад, маҳлули тайёр аст, ки он аз ҷониби КВД «Обу корез» – и шаҳри Душанбе истеҳсол гардида, тариқи шартнома барои муассисаҳо дастрас карда мешавад.
Иброҳим Бобоназаров, сардори сарраёсати санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иброз дошт, ки ҳоло муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо беш аз 100 тонна хлор таъмин шудаанд. Безараргардонӣ ройгон сурат мегирад.
Тавре Гулмаҳмад Бобоев, сокини ноҳияи Кӯшониён, изҳор намуд, дар ҳоли ҳозир талабот ба истифодаи маводи зиддибактериявии – хлор - муҳимтарин воситаи безараргардонӣ зиёд гаштааст. Аз ин ҳисоб нархи хлор баланд ва харидани он бароямон мушкил гардидааст. 
Иброҳим Бобоназаров дар ин хусус иброз дошт, ки барои дастрасии аҳолӣ ба хлор фурӯши он дар бозорҳо ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин, аз маводи зиддибактериявии воридотӣ, ки захира гардидааст, низ истифода бурда мешавад. 
Тавре огоҳӣ пайдо кардем, нархи хлор дар бозори «Фаровон» - и пойтахт аз 8 – 10 то 40 – 50 сомонӣ боло рафтааст. Дар бозори «Меҳргон» хлори истеҳсоли ватанӣ 15 сомонӣ арзиш дорад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар кишвар, аниқтараш аз 29 апрели соли 2020 ба таври фаврӣ корхонаи истеҳсолии ҶСК «Тоҷикхимпром» ба истеҳсоли хлор оғоз намуд, то ин ки дар ин шабу рӯз аҳолӣ тавонад ба чунин маводи безараргардонӣ дастрасӣ дошта бошад. Корхона дар як шабонарӯз 5 тонна хлор истеҳсол мекунад.
– Акнун хлор низ ба қатори номгӯйи маҳсулоти тиббии истеҳсоли ватанӣ шомил гардид, - гуфт Амонулло Судуров, сардори раёсати мошинсозӣ, мудофиа ва химияи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.         
Аз ин бармеояд, ки масъалаи таъминот бо маводи безараргардонӣ - хлор ҳалли худро ёфта истодааст ва овозаҳо оид ба дастрасии кам ва нархи баланд доштани он асоси воқеӣ надоранд.
Айни замон барои роҳандозии маъракаи муҳими безараргардонӣ тамоми имкониятҳо истифода бурда мешаванд, барои ин, ҳатто корхонаи кайҳо боз бекорхобида ба кор дароварда шуд. Ин кӯшишҳо барои онанд, ки талаботи аҳолӣ қонеъ гардонда шавад. Ҳоло вақти ҷустани манфиат ва ба даст овардани фоида нест, зеро дар ин лаҳзаҳои ҳассос хеле муҳим аст, ки паҳлуи ҳам бошем.

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.05.2020    №: 94    Мутолиа карданд: 99
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед