Хабарҳо
ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ
Тибқи қарори Ассамблеяи генералии Лигаи футболи Белгия чемпионати кишвар қабл аз муҳлат хотима ёфт. Баъди ин қарор дастаи «Брюгге»-ро, ки аз тими зинаи дуюми ҷадвал «Гент» 15 хол зиёд дошт ва то анҷоми чемпионат 5 даври дигар боқӣ монда буд, қаҳрамон эълон карданд. Тими «Васланд-Беверен» бошад, лигаро тарк намуд.
Ҳамин тавр, дастаҳои «Брюгге» ва «Гент» роҳхати иштирок дар Лигаи чемпионҳоро пайдо карданд, аммо Федератсияи футболи Белгия аз он нигарон аст, ки УЕФА дастаҳои ин кишварро барои пеш аз муҳлат ҷамъбаст кардани чемпионат муҷозот мекунад.
Боиси тазаккур аст, ки чемпионати Белгия баъд аз Фаронса ва Нидерланд сеюмин мусобиқоте маҳсуб мешавад, ки қабл аз муҳлат ҷамъбаст гардид.
БОЗИҲОИ БУНДЕСЛИГА ДУБОРА ОҒОЗ ШУДАНД
Баъди танаффуси беш аз думоҳа Чемпионати Олмон оид ба футбол, ки яке аз чемпионатҳои сертамошобини Аврупо мебошад, дубора оғоз гардид. Дар бозии даври 26-ум тими «Боруссия» дар майдонаш дастаи «Шалке-04»-ро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб кард.
Бино ба иттилои сомонаи «Евроспорт», чемпиони феълии Олмон «Бавария» дар меҳмонӣ тими «Унион»-ро бо натиҷаи 2:0 шикаст дод.
Натиҷаи бозиҳои боқимонда чунин аст: «Лейпсиг» - «Фрайбург» - 1:1, «Ҳоффенҳайм» - «Герта» - 0:3, «Аугсбург» - «Волфсбург» - 1:2, «Фортуна» - «Падерборн» - 0:0, «Кёлн» - «Майнс» - 2:2 ва «Айнтраҳт Франкфурт» - «Боруссия Менҳенгладбург» - 1:3.
Ёдовар мешавем, ки бозӣ миёни дастаҳои «Вердер» ва «Байер» имрӯз доир мегардад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1285