Хабарҳо
НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД
Дар ноҳияи Нуробод корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза касб намудаанд.
Ба ин муносибат бунёду навсозии 248 иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ гардида, дар давоми ду соли охир 150 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва дар 98 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
Имсол сохтмони марҳилаи дуюми роҳи мошингарди маркази шаҳраки Дарбанд шурӯъ гардид. Дар раванди амалӣ шудани лоиҳаи мазкур тахту ҳамворсозӣ, мумфарш кардани ду тарафи роҳи мошингард, сафолакпӯш намудани роҳҳои пиёдагард, бунёди новаҳои обрав ва иҷрои корҳои дигари ободонию ҷароғонкунии канори роҳҳо пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади татбиқи муваффақи лоиҳа 12 нафар коргарони ҶДММ "Нуробод - лоиҳа" бо истифода аз техникаҳои мавҷуда дар навбати аввал ба тахту ҳамворкунӣ ва насби новаҳои обрав аз шафати бозори марказӣ то назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сар карданд.
Аз рӯи нақшаи чорабиниҳо, ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар ноҳия сохтмону навсозии 98 иншооти таъйиноти гуногун ба итмом расонда мешавад. Дар қатори онҳо боғи фарҳангӣ дар шаҳраки Дарбанд, муассисаи таълимӣ барои 640 нафар хонанда ва даҳҳо иншооти дигари ҳаётан муҳим бунёду навсозӣ мегарданд. Рафти корҳои созандагию ободонӣ мунтазам дар ҷаласаҳои ситоди омодагӣ ба ҷашн мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1295