logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ТАДБИРҲОИ МУАССИРИ ПЕШГИРӢ АЗ СИРОЯТ

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз доман густурдани бемории ҳамагири COVID -19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бозорҳои фурӯши либосу телефон, боғчаю дабистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, тандурустӣ, коллеҷҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, нуқтаҳои хизматрасонии шустушӯи нақлиёту хӯроки умумӣ, кошонаи ҳусну сартарошхонаҳо ва интернеткафеҳо бо фарогирии 512 ҳазор нафар муваққатан карантин ҷорӣ карда шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, аз рӯи нақшаи генералӣ  ҳудуди заминҳои шаҳр то имрӯз 203,18 километри мураббаъро ташкил дода, шумораи аҳолии он (1 январи соли 2020) 863 ҳазор нафар мебошад. Шаҳр аз 104 маҳалла, ки  172 ҳазор оила, 3300 бинои баландошёна ва 39113 ҳавлии инфиродиро фаро мегирад, иборат аст. Ҳамчунин, 340 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 20288 нафар омӯзгору мураббиён ва 383282 нафар муҳассилину тарбиятгирандагон, 61 муассисаи тандурустӣ  қариб бо 12,5 ҳазор корманд, 37 муассисаи фарҳангӣ 844 корманд ва 103 ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ фаъолият менамоянд.
Дар бахши иқтисодиёти шаҳр 464 корхонаи саноатӣ, наздики 43 ҳазор субъекти хоҷагидор, беш аз 35 ҳазор соҳибкори инфиродӣ, 2878 мағоза, 540 муассисаи хӯроки умумӣ ва 30 бозори истеъмолӣ фаъолият мекунад, ки дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзанда мегузоранд. Шумораи умумии кормандон дар  соҳаҳои номбурда қариб 168 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Бо мақсади сари вақт пешгирӣ аз сирояти бемории ҳамагири коронавирус ё худ COVID-19 бо қарор ва сарпарастии раиси шаҳр Ситоди зиддиэпидемикӣ бо ҷалби мутахассисони таҷрибадору соҳибмалакаи соҳавӣ амал намуда, аллакай як зумра корҳои чашмрас  ба сомон расонд.
Дар ин давра 403570 корманди соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯён, 823 нафар корманду ронандагони бахши нақлиёти ҷамъиятӣ бо то 65 дарсад кам намудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, 12 бозори фурӯши матоъву телефон, 661 нуқтаи хизматрасонӣ иборат аз 13 ҳазор корманду мизоҷони онҳо дар умум, рӯзе наздики 74 ҳазор нафар ба карантин фаро гирифта шуд.
Ба ғайр аз ин, барои то 30 дарсади  кормандони соҳаи хизмати давлатӣ (2253 нафар)  ва 10 дарсад сокинони пойтахт (86296 нафар) карантин роҳандозӣ гардид. Дар маҷмӯъ, то имрӯз зиёда аз 512 ҳазор сокини пойтахт ба карантин фаро гирифта шудааст.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2020    №: 95    Мутолиа карданд: 102
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед