logo

паёмҳо

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар, 8 марти соли 2010

Модарону хоҳарони гиромӣ!
Фарзандони азиз!

Бисёр хушҳолам, ки дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебои сарзамини бостониамон ҷашни шуморо табрик мегӯям.
Соли дувум аст, ки мардуми шарифи  Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан – модар таҷлил мекунад. Аз ин лиҳоз, Рӯзи модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад. 
Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар шахси бонангу номус ҳар рӯз рӯзи модар аст. Лекин мо ин рӯзро махсус чунин ном ниҳодем, ки эҳтирому арҷгузории хосаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хеш – офарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем. Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шаборӯзии модар аст. Яъне дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад.
Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Дар осори бузургони ҷаҳон нақши занону модарони диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хоса дорад. Мисол овардани сифатҳои неки фақат қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, амсоли Таҳмина ва Гурдофарид, ҳамчунин меҳанпарастиву фидокории садҳо нафар шахсиятҳои таърихии миллати бостонии мо далели равшани эҳтиром ва арҷгузории бузургони гузаштаамон нисбат ба зан – модар мебошад.
Зан - модар дар дини мубини ислом низ мақому манзалати хоса дорад. Дар чандин сураҳои Қуръони маҷид ҳуқуқ ва ҷойгоҳи зан возеҳу равшан ифода ёфтааст. Дар ҳадисҳои набавӣ ва қавли саҳобагон  низ қадри волои модар борҳо таъкид гардидааст.  Беҳуда нест, ки дар мамолики Шарқи мусулмонӣ бо шири модар савганд ёд мекунанд. Зеро модар ғайр аз ин ки ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, инчунин хислатҳои накӯтарини инсониро дар сиришти ӯ бо шири поки худ ҷой медиҳад.
Воқеан, тарбияи насли солим ва инсони комил ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва саховату садоқати беинтиҳои модар наметавонад боровар бошад. Ба ибораи дигар, модарон ҳамеша дар рушди тамаддуну фарҳанг ва бунёди ҳаёти пурсаодати аҳли башар, аз ҷумла мардуми мо нақши муассир мегузоранд.
Ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон маҳз ба хотири қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба ҳамин нақшу мақоми хосаи онҳо мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсади наҷиб Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ  қонуну барномаҳои муҳимеро қабул намуд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои кору зиндагии занон, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар  ҳалли масоили мубрами ҳаёти кишвар ва рушди устувори он мебошад. Занону духтарони арҷманди мо дар  соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат дар баробари мардон заҳмат кашида, ба хотири таҳкими иқтидор ва мақоми шоистаи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош доранд.
Дар таърихи навини мо занон дар фаъолияти мақоми олии қонунбарор - парламенти кишвар низ саҳми назаррас мегузоранд. Онҳо дар таҳия, қабул ва татбиқи қонунҳои ба талаби замон мутобиқ фаъолона ширкат меварзанд. Имсол низ шумораи зиёди бонувони фаъоли мо номзадии хешро ба вакилии парламенти мамлакат пешниҳод намуда, ба пирӯзӣ ноил гардиданд. Ин боз як  нишонаи торафт мустаҳкам гардидани мақом ва манзалати зан дар ҷомеаи мо мебошад.  
Дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Саҳми онҳо хусусан дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад.
Бо мақсади таҳкими мақоми зан дар ҷомеа Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ҳамеша таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Дар робита ба нақши созандагии бонувони тоҷик мехоҳам бо изҳори миннатдорӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар бунёди иншооти тақдирсози аср - Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ёдовар шавам. Модарону  хоҳарони  азизи  мо  аз  аввалинҳо шуда, дастгириву ҳамовозии хешро ба хотири бунёди ин кохи нур иброз намуданд.
Ҳамзамон бо ин, баробари ба фурӯш баромадани саҳмияҳои нерӯгоҳи мазкур занону модарони баландҳиммати мо дар харидории онҳо беш аз ҳама ташаббус нишон дода истодаанд, ки ин худ намунаи олии ватандӯстӣ мебошад.
Мо бо занону модарони худ ҳамеша ифтихор мекунем. Зеро Модари тоҷик дар тӯли садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд.         
Орзуи имрӯзаи мо аз занону модарони арҷмандамон ин аст, ки онҳо рисолати ҳамешагии хеш - тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами кишварамонро ба сӯи уфуқҳои ояндаи дурахшон парафшон баранд.
Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем.
Ҳамду сано ба зан - модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад  ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.
Бори дигар ҳамаи шумо – модарону хоҳарони меҳрубон ва фарзандони азизро бо ин ҷашни пуршукӯҳ шодбош гуфта, бароятон дар арафаи Наврӯзи фархундапай рӯзгори пур аз баҳорро орзу дорам.
Идатон муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 974

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед