logo

иқтисод

ПАЁМАДҲОИ ИҚТИСОДӢ. РОҲИ РАҲОӢ КАДОМ АСТ?

31 декабри соли 2019 Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хурӯҷи бемории илтиҳоби шуши номаълум дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи мамлакат хабар дод. Мутахассисону олимон  ангезандаи бемориро муайян карданд, ки ин коронавируси SARS - CoV - 2 аст. Ин вабо ё ба истилоҳ - коронавирус имрӯзҳо дар сархати васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ давр зада, мардуми ҷаҳонро ба таҳлука овардааст. 
Қобили зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали пайдоиш ва паҳншавӣ ин вабо дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарар ё паёмадҳоеро, аз ҷумла барои кишвари мо ба бор овард. Барои мисол, аз ибтидои паҳншавии ин хабар, аввалҳои моҳи январ дар бозору фурӯшгоҳҳои кишвар ҳолати  баландшавии нархи маҳсулоти аввалия, аз ҷумла орд, картошка, ҳатто сирпиёз ба вуҷуд омад.
Бинобар ин, имрӯзҳо, ки дар айёми ҷамъоварии ҳосили аввалия ва киштукори баҳорӣ қарор дорем, бояд  таҳлука ва воҳимаро як тараф монда, ба ҷамъоварии беҳтари ҳосили аввалия ва киштукори такрорӣ камари ҳиммат бандем. Пеш аз ҳама, бо истифода аз боду ҳавои баҳорӣ кори худро дар самти зиёд кардани киштукори такрорӣ вусъат бахшем ва дар рушди яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини амнияти ғизоии аҳолӣ ҳар кадоми мо саҳмгузор бошем. Аммо дар сурати самаранок истифода набурдани заминҳои дарихтиёрбуда ва захира накардани маводи ғизоӣ эҳтимол ба оқибатҳои нохуш рӯ ба рӯ шавем.
Агар ин вабо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо,  бо ҳамин суръат идома ёбад аз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ пешгӯӣ кардан мумкин аст, ки оқибатҳои ногувор ба бор овардани  он аз эҳтимол дур нест. Вақте, ки корхонаҳо ва муассисаю дигар идораҳои давлатию хусусӣ аз кор бозмонданд,  Буҷети давлат иҷро нашуда, рушди иқтисодиёти мамлакат таъмин намегардад.
Дар ин ҳолат, ягона роҳ, ки моро аз мушкилоти норасоии озуқаворӣ дар зимистони пешистода метавонад раҳонад,  рӯ овардан ба соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини бекорхобидаи ҳавлӣ, хоҷагиҳои ёрирасон, президентӣ,  саҳмияҳое, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд, маҳсуб меёбад.
Бо ин мақсад дар Маҷлиси фавриву ғайринавбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро  вазифадор намуданд, ки хоҷагиҳои ҷамъятӣ ва аҳолӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироату полизиҳо, гирифтани се - чор ҳосил, бо ташкили гармхонаҳо баланд бардоштани самаранокӣ, аз ҷумла дар заминҳои ҳавлӣ, корбарӣ намоянд. Ба Ҳукумати мамлакат, махсусан роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо,  супориш дода шуд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, аз ҷумла майдони картошказор 40 дарсад ва кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладонаю лӯбиёиҳо ва макаи дон  то 60 дарсад зиёд карда шавад.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки ҳоло таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат қудрат ва тавоноии Ҳукумати кишвар барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии аввалия сад дар сад мерасад ва барои назорати нарху наво дар бозорҳо тамоми чораҳои зарурӣ пайваста андешида мешаванд.
Дар баробари ин ғамхориҳо, мо бояд бетараф наистода, ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровон ва ба ин васила ғанӣ гардондани дастархони худамон камари ҳиммат бандем,  худ ва ҳам бозорҳои кишварро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин намоем. Роҳи раҳоӣ аз ин буҳронро ман маҳз дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоии худ мебинам, ки Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд.
Зиндагӣ боз ба маҷрои худ идома дорад. Мо бояд ба тарсу воҳима дода нашуда, тавсияҳои табибон,  яъне пӯшондани даҳону бинии худ, гаштугузор накардан  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, нигоҳ доштани фосила байни ҳамдигар  дар масофаи на кам аз якуним метр ва қоидаҳои дигари беҳдошти шахсиро риоя карда, ин лаҳзаҳои нотакрори баҳориро самаранок истифода барем.

Зоир РАҲМОНЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
аз ҳавзаи интихоботии
якмандатаи Фархор № 34
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2020    №: 95    Мутолиа карданд: 42
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед