Хабарҳо
МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД
Имрӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои созандагиву ободонӣ вусъат ёфта, хурду калони он бо рӯҳияи баланди ватандорӣ дар сабзу хуррамгардонии кӯчаю роҳравҳо, шинондани ниҳоли дарахтон, гулу буттаҳо, рангубори биноҳои шаҳраки Бӯстон ва деҳот саҳм мегузоранд.
Имсол баргузории Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин ноҳия дар назар аст. Сокинони меҳнатқарини он мехоҳанд, ки диёри худро то фарорасии иди дарпешистода зиёдтар ободу бо ҳусни идона ороста намоянд.
- Чунин корҳои ободонию созандагӣ на танҳо дар шаҳраки Бӯстон, балки дар 7 ҷамоати деҳоти ноҳия низ ба роҳ монда шудаанд. Сохтмони силсилаиншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла марказҳои хизматрасонию савдо, бунгоҳҳои тиббӣ, қаҳвахона, кӯдакистонҳо, идома дорад. Дар рӯзҳои тантанаи Иди Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмааи варзишию фарҳангӣ иборат аз варзишгоҳ барои 10 ҳазор ҷои нишаст, қасри варзиши “Паҳлавонони Суғд” бо 400 ҷойи нишаст, боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо масоҳати 3 гектар, қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст, бунёди иншооти Парчами давлатии Тоҷикистон ва майдони он дар маркази ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Кормандони муассисаю ташкилотҳо ва сокинон рӯзҳои истироҳат бо риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ ба ҳашар баромада, дар маркази ноҳия ба сабзкорӣ, шинондани гулу буттаҳои рангоранг, тоза кардани роҳраву гулгаштҳо машғул мешаванд, - гуфт Тоҳирҷон Азиззода, раиси ноҳия.
Барои истиқболи сазовори Ҷашни Ваҳдати миллӣ танҳо дар шаҳраки Бӯстон бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ нахустин кӯдакистони инноватсионӣ бо тамоми шароити таълиму тарбия ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, биноҳои нави бахшҳои адлия, ҲХДТ, маориф, хобгоҳи коллеҷи омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 15 иншоот бунёду навсозӣ мешавад.
Аҳли ноҳия бо шукргузорӣ аз ин фазои орому ваҳдати устувор талош доранд, ки дар пайи иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои аз ин ҳам баландтар ноил гарданд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1264