Хабарҳо
РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ
Рафаэл Надал, теннисбози маъруфи олам, беҳтарин варзишгар дар таърихи Испания интихоб гардид. Ин унвонро ӯ дар натиҷаи овоздиҳие, ки барои муайян намудани беҳтарин варзишгари миллӣ аз ҷониби маҷаллаи машҳури испании «Marca» роҳандозӣ шуда буд, соҳиб гашт.
Овоздиҳӣ бо системаи плей-офф ҷараён гирифта, дар ниҳоят Надал бо касби 82 дарсади овозҳо аз Поу Газол (баскетболбоз) пеш гузашт.
Ёдовар мешавем, ки Рафаэл Надал дар 19 мусобиқаи Тоскулоҳи бузург (чемпионати кушоди Австралия (1), чемпионати кушоди Фаронса (12), мусобиқаи Уимбилдон (2) ва чемпионати кушоди ИМА (4)) ғолиб омадааст.
МУРҒИ ФУРӮЗОН НАМОДИ АВВАЛИН БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ КИШВАРҲОИ ИДМ
Вазорати варзиши Россия намод ва рамзи аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро (ИДМ), ки дар Қазон доир мегардад, тасдиқ кард, - хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин вазорат.
Кумитаи тадорукоти бозиҳо мурғи фурӯзонро намод ва палангро рамз интихоб намуд. Муаллифи намод Албина Сафиуллина (Тотористон) буда, рамзро Иброҳим Дурдиев (Москва) таҳия кардааст. Аввалин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ аз 20 то 27-уми августи соли 2020 доир мегардад.
Дар бозиҳо, тақрибан, 3500 варзишгар (14 – 23-сола) аз 11 кишвари ИДМ - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина иштирок мекунанд. Кумитаи тадорукот метавонад барои ширкат дар бозиҳо дигар кишварҳоро низ даъват намояд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1232