Хабарҳо
ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Иқдоми хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маблағи якмоҳаи маоши худро ба фонди пешгирӣ аз коронавируси СOVID-19 гузаронданд, байни аҳолӣ ва шахсони саховатпеша мавриди пайравӣ қарор мегирад. Имрӯзҳо дар пайравӣ бо ин иқдоми наҷиб аз тарафи як қатор соҳибкорони саховатманди ноҳияи Рашт ба табибону беморон кумакҳои моддӣ расонда мешавад.
Соҳибкори муваффақ аз ноҳияи Рашт Муҳиб Бобоҷонов ба 400 нафар табиби ноҳияи Рашт ба маблағи 500 сомонӣ кумак намуд. Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки дар ин давраи ҳассос кумакҳои худро ба беморон ва ниёзмандон идома диҳад. Инчунин, дигар соҳибкорон ба ин иқдомҳо пайравӣ намуда, кумакҳои яквақтаинаи худро аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва анвои гуногуни сабзавот ба табибон ва беморон расонданд.
Дар ин рӯзҳои ҳассос аз тарафи Пешвои миллат ба муассисаҳои тандурустии ноҳия маводи гуногуни тиббӣ, дорувориҳо, моддаҳои зиддисироятӣ ва сарулибоси гуногуни муҳофизатӣ ба ноҳия расиданд, ки бешак ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ва муолиҷаи беморон мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки аз тарафи Ситоди доимамалкунандаи ноҳия дар байни аҳолӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус баробари корҳои профилактикӣ чорабиниҳои таблиғотӣ бурда шуда, оид ба роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ дар маҳалҳо дастуру варақаҳо паҳн карда мешаванд.
Зикр бояд кард, ки аҳолии ноҳияи Рашт муҳимияти авзои баамаломадаро хуб дарк намуда, дар пайравӣ аз дастуру иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат дар ин рӯзҳои ҳассос рафти киштукори баҳориро тезонда, барои афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка, аҳлона заҳмат мекашанд.
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1219