Хабарҳо
СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК
Маркази таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо раёсати маорифи вилоят шурӯъ аз 1 май фаъолияти маҳфилҳои гуногунро дар шакли фосилавӣ ба роҳ мондааст, ки то ин дам беш аз 200 нафар хонанда ба он ҷалб гардидааст.
Тавре Фирдавс Ашӯров, директори маркази таҳсилоти иловагии назди раёсати маорифи вилояти Суғд, ба «Ҷумҳурият» хабар дод, ҳадаф аз ташкили маҳфилҳо самаранок истифода намудани давраи таътили хонандагон, ҷалби кӯдакон ва наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла дар шароити хона омӯзондани ҳунарҳои мардумӣ, рушди қобилияту истеъдоди толибилмон ва ҳифзи саломатии онҳо аз бемориҳои сироятӣ мебошад. Ташкили 16 гурӯҳи фосилавӣ аз тарафи роҳбарони он тариқи видеоӣ ва барномаҳои таълимӣ роҳандозӣ шуда, хонандагон супоришҳои омӯзгоронро иҷро намуда, дар дилхоҳ вақт аз устодон машваратҳои лозимӣ мегиранд. Инчунин, роҳбарони маҳфилҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷерҳо ва барномаи Googleclassroom гурӯҳ - маҳфилҳои фосилавии гуногун, чун дӯзандагӣ, қаннодӣ, бофандагӣ, рӯзгордорӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, рассомӣ, техникони ҷавон, авиамоделӣ, автомоделӣ, бофандагӣ, машшотагӣ, гулдӯзӣ ва омӯзиши забони русиро ташкил кардаанд. Аъзои маҳфили дӯзандагӣ дар шароити хона аз омӯзгорон тарзи омода намудани ниқобҳои ҳимоятиро омӯхта, худ ва хонаводаашонро бо он таъмин карда истодаанд. Ҳамзамон, тариқи маҳфили фосилавии «Китобхони беҳтарин» ба кӯдакону наврасон ҳамарӯза хондани китобҳои бадеӣ тавсия шуда, ҳамчунин, бо ҳамдастии омӯзгорон чанд нафар хонандагон ба даври 2-юми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омодагӣ мегиранд.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1249