logo

Хабарҳо

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

Соҳаи саноати кишвар омили асосии рушду шукуфоӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир рӯ ба пешрафт овардааст. Саноатчиёни кишвар ҷиҳати тақвияти корҳо дар рушди соҳа, аз ҷумла коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, воридоти технологияҳои муосир, истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ, ташкили корхонаҳои нав, хусусан дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ба натиҷаҳои баланд ноил гардиданд.
Давоми чор моҳи аввали соли равон корхонаҳои саноатӣ ба маблағи қариб 9 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,3 дарсад зиёд аст. Афзоиш, асосан, аз ҳисоби ҳаҷми маҳсулоти саноати коркард 19,5, истихроҷи маъдан 13,1, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 7 дарсад таъмин гардидааст.
Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноатӣ тамоюли  зиёдшавӣ  дошта,  фаъолияти  истеҳсолӣ вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва талаботи бозор ба роҳ монда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар чор моҳ беш аз 1,5 миллиард сомонӣ маблағҳои худи корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд.
Ба ҳолати 1 майи соли равон 2204 корхонаи саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7 дарсад ё 143 корхона зиёд аст. Аз шумораи умумии корхонаҳо ба бахшҳои истихроҷ 258 корхона, коркард 1789, энергетика 76 ва таъминоти об ва коркарди дуюмдараҷа 81 корхона рост меояд.
Дар ин муддат 61 корхонаи нави саноат бо таъсиси 980 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Суғд 23 корхона, Хатлон 19, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1, шаҳри Душанбе 10 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 корхона. Аз ин ба соҳаи саноати хӯрокворӣ 21 адад, масолеҳи сохтмон 15, саноати сабук 12, мошинсозӣ 7 ва дигар соҳаҳо 6 адад рост меояд.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 380
14.08.2020


САНГВОР. ДЕҲАҲО ТАРОВАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

ВАҲДАТ. ЭҲСОСИ ШУКӮҲИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ДАЪВАТИ СММ АЗ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ҶАҲОН – 2022. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБӢ СОЛИ 2021 БАРГУЗОР МЕШАВАНД

12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед