Хабарҳо
407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ
Ба ҳолати 18 майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 205 ҳодисаи нави сирояти бемории COVID – 19 ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо ба 1729 нафар расид.
Эмомалӣ Мирзоев, директори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки айни ҳол дар муассисаҳои табобатию профилактикии кишвар зиёда аз 4 ҳазор нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор дорад. Тайи шабонарӯзи охир аз муассисаҳои тиббӣ 407 нафар пас аз шифо ёфтан ба хона ҷавоб дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории CОVID – 19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ карда истодаанд.
Кароматулло АТО,
аз саҳифаи фейсбукии "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1431