logo

иҷтимоиёт

ХУРОСОН. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИАТ БАРТАРАФ МЕШАВАНД

19 майи соли ҷорӣ тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба беш аз 300 хонаводаи аз офати табиат зарардидаи ноҳияи Хуросон 55 тонна маҳсулоти ниёзи аввал, инчунин, ба аҳолӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ  маводи зарурӣ расонда шуд.

Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, хабар дода, гуфт, ки ғайр аз ин, аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба хонаводаҳои зарардида 25 номгӯи маводи гигиенӣ тақсим гардид.
Ҷалолиддин Маҳмалиев, сокини деҳаи ба номи Неъматулло Асадулло, зимни суҳбат ба Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои ғамхорӣ нисбат ба осебдидагон изҳори сипос карда, гуфт, ки тамоми ниҳодҳои ҷумҳурӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиат мусоидат менамоянд.
Дар «шаҳрчаи хаймаҳо», ки беш аз 30 хонавода муваққатан ҷойгир аст, шабонарӯзӣ нуқтаи тиббӣ дар хизмати мардум қарор дошта, кормандони милитсия ва раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилоят бехатарии шаҳрвандонро дар маҳалли офатдида таъмин мекунанд. Инчунин, дар маҳалли ҳодиса бо мақсади пешгирӣ аз пайдоиши бемориҳои сироятӣ мунтазам корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои 14 ва 16 майи соли ҷорӣ дар пайи офати табиат манзилҳои истиқоматию иншооти ёрирасони хусусию ҷамъиятӣ ва заминҳои кишоварзӣ зери лою гил монда, дар деҳаҳои Пахтаобод ва Гулистон иншооти роҳдорию мелиоративӣ вайрону корношоям гардидаанд.
Дар иртибот ба ин, тибқи супориши Сарвари давлат 18 май муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҷои воқеа бо сокинони аз офати табиӣ зарардида мулоқот карда, иброз доштанд, ки тамоми хонаводаҳои аз манзили зист маҳрумгашта аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо қитъаҳои замин дар маҳалли бехавф ва ёриҳои пулию молӣ таъмин хоҳанд шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят аз лаҳзаҳои аввали рух додани ҳодиса пайи расондани ёрии ҳамаҷониба ба зарардидагон дастур дода, вазъро таҳти назорат қарор додаанд. 14 май бо роҳбарии муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода дар маҳалли ҳодиса Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиат таъсис ёфта, то имрӯз даҳҳо техника, садҳо хизматчии КҲФ, ихтиёриён ба барқарорсозии инфрасохтори зарурӣ машғуланд.

Кароматулло АТО,
аз саҳифаи фейсбукии «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2020    №: 96    Мутолиа карданд: 157
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед