Хабарҳо
МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»
ТАСС. «Вазъияти паҳншавии пандемияи COVID-19 дар кишвар ҳамоно мураккаб бошад ҳам, метавон гуфт, ки афзоиши сироятёбиро боздоштем», - гуфт раиси Ҳукумати ФР Михаил Мишустин.
Сарвари ҳукумат таъкид намуд, ки шумораи торафт бештари беморон шифо ёфта ҷавоб мешаванд. Аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки дар 27 минтақа ба сабуксозии карантин омода мебошанд.
То ба имрӯз дар Россия 299941 кас гирифтори коронавирус гашта, аз ин беморӣ табибон 76130 нафарро наҷот дода, дар илоҷи 2837 тан дармонданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1376