Хабарҳо
ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД
АИР «Новости». Бобоҷон Назаров, олими тоҷики муқими Британия, ки дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгарони донишгоҳи Оксфорд ва Ҷопону Олмон бо таҳияи доруи зидди коронавирус машғул мебошад, барои онро дар беморон озмудан иҷозат гирифтааст.
Ба гуфтаи муҳаққиқи тоҷик, доруи зидди COVID - 19 дар асоси доруҳои «Камостат» ва «Нафамостат», ки аз вуруди вирус ба ҳуҷайра ҷилавгирӣ карда, бо коҳишдиҳии бандшавии хун илтиҳобро пешгирӣ мекунанд, офарида мешавад. Доруи зидди коронавирус дар Британия аз санҷишҳои лабораторӣ гузашта, олимон иҷозатномаҳои заруриро барои санҷиши клиникӣ гирифтанд. Озмоиш рӯзҳои наздик оғоз меёбад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1541