logo

иҷтимоиёт

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ БО ДАСТГОҲИ НАФАСДИҲИИ СУНЪӢ ТАЪМИН АСТ

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Айни ҳол дар беморхонаи марказии ноҳия ва шуъбаҳои он дар деҳаҳои Роғ, Сабағ, Оббурдон ва Мадрушкат барои табобат тамоми шароитҳо муҳайёанд. Табибон бо либосҳои махсус, ниқоб, маҳлулҳои антисептикӣ, дастпӯшак ва доруворӣ таъминанд.
Сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Шукур Фатҳуллоев иброз дошт, ки муассиса моҳи августи соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ, кӯдакона, амрози дарунӣ ва таваллудхона иборат аст. Ҳамаи шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, табибон бо истифода аз технологияи муосир ба мардум хизмат мерасонанд. 
Ӯ афзуд, ки бунёди беморхонаи марказии ноҳия туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ин ноҳияи дурдасти ҷумҳурӣ мебошад. Баъди ба истифода додани он 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар деҳаи Роғ дар масоҳати 288 метри мураббаъ шуъбаи табобатии беморхонаи марказии ноҳия қомат меафрозад. Он барои қабул ва муолиҷаи беморон бо дастгоҳи ултрасадоӣ, сабти барқии дил ва дигар таҷҳизоти муосир таъмин аст. Дар ин ҷо, дар баробари табибони таҷрибадор мутахассисони ҷавоне, ки тибқи Квотаи президентӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардаанд, фаъолият доранд.
Шукур Фатҳуллоев вобаста ба бемории COVID – 19 зикр намуд, ки дар ноҳия ягон нафар мубталои коронавирус нест ва танҳо шаш сокини ноҳия бо нишонии бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, бо ҷаҳду талоши хастагинопазири пизишкон чор нафар шифо ёфт ва ду каси дигараш дар муолиҷа аст. Ва афзуд, ки хабарҳои баъзе сомонаҳои интернетӣ дар бораи дар беморхона мавҷуд набудани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ асоси воқеӣ надоранд.
Боиси тазаккур аст, ки айни ҳол дар ноҳия як беморхонаи марказӣ, шаш маркази саломатӣ ва дувоздаҳ бунгоҳи тиббӣ фаъолият дошта, дорои тамоми шароити муосиранд.

Кароматулло АТО,
аз саҳифаи фейсбукии «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2020    №: 97    Мутолиа карданд: 79
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед