logo

иҷтимоиёт

СУҒД. ОЗМОИШГОҲИ ВИРУСОЛОГӢ ФАЪОЛ МЕГАРДАД

Рӯзҳои наздик дар шаҳри Хуҷанд барои ташхис ва муайян кардани бемории коронавирус озмоишгоҳи вирусологӣ ба фаъолият мепардозад. Ин нукта зимни мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо табибону кормандони марказҳои саломатии №№ 2, 4 ва 5 - и  шаҳри Хуҷанд зикр гардид.

Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии раиси шаҳр, хабар дод.
Гуфта шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин вабо дар ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус таъсис ёфт. Ҷиҳати расондани ёрӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 29 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Инчунин, дар шаҳру навоҳии вилоят низ чунин ситодҳо ташкил гардида, бо маблағҳои зарурӣ таъмин гаштанд.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки чанд  рӯз  қабл  корвони ёрии моддии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 140 мошини пурбор ба 18 шаҳру ноҳияи вилоят тақсим шуд.
- Самараи муборизаи дастҷамъона буд, ки дар шаҳр шумораи беморони коронавирус рӯз ба рӯз коҳиш ёфта истодааст. Мо бояд муборизаро алайҳи ин вабо дучанд карда, дар муддати кӯтоҳ онро аз байн барем ва ба ҳаёти осоишта баргардем. Бо андешидани тадбирҳои фаврӣ дар тамоми марказҳои саломатии шаҳр шароитҳои лозима барои қабул ва хизматрасонӣ ба беморон муҳайё шудааст, - афзуд раиси вилоят.
Ба масъулон дастур дода шуд, ки дар муддати кӯтоҳ рӯйхати маризони камбизоат пешниҳод гардад, то онҳо бо дорувории ройгон таъмин шаванд.
Сипас, ба марказҳои саломатии №№ 2, 4 ва 5 - и  шаҳр ёриҳои раиси вилоят, аз қабили доруворӣ, корҷома, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои антисептикӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ расонда шуд.

Кароматулло АТО,
аз саҳифаи фейсбукии «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2020    №: 97    Мутолиа карданд: 81
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед