Хабарҳо
1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ
Ба ҳолати 21 майи соли ҷорӣ дар кишвар 2 ҳазору 350 ҳодисаи сироят ба COVID – 19 ба қайд гирифта шуда, аз ин беморӣ то имрӯз 1008 нафар шифо ёфт.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Эмомалӣ Мирзоев, директори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар муассисаҳои табобатию профилактикии кишвар 3 ҳазору 253 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор дорад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1408