logo

Хабарҳо

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

Ширкати Edge Health бозии ҷавобии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳо байни дастаҳои «Ливерпул» ва «Атлетико»-ро, ки 11 март дар Англия бо иштироки 52 ҳазор тамошобин доир шуда буд, аз таҳқиқоти омӯзишии пандемияи коронавирус гузаронд.
Ба маълумоти нашрияи «Sunday Times» (Британияи Кабир), баъди тақрибан 25 – 30 рӯзи бозӣ 41 тамошобини ин бозӣ аз бемории COVID – 19 ба ҳалокат расид.
Мувофиқи маълумоти коршиносони Imperial College London ва Донишгоҳи Оксфорд, ҳангоми бозиҳои Ла лига (Испания) 640 ҳазор нафар ва зимни бозиҳои Премйер-лига 100 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуданд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаҳои мазкур дар авҷи бемории коронавирус дар Аврупо доир гашта буданд.

ФИФА БАРОИ ҶАМЪОВАРИИ МАБЛАҒ БОЗИҲОИ ХАЙРИЯВӢ МЕГУЗАРОНАД
Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи байналмилалии футбол хабар додааст.
Маблағи ҷамъшуда ба рушди технологияи гуногуни табобати бемориҳо аз коронавирус, беҳтар кардани ташхис, табобат ва эҷоди ваксинаҳо равона мешавад.
- Мо бояд ҳамбастагиро нишон диҳем ва тамоми саъю кӯшишамонро дар мубориза бар зидди пандемияи коронавирус идома диҳем. ФИФА низ дар ҳалли ин масъала саҳми молӣ гузоштааст, аммо ҳоло мо уҳдадорем, ки чорабиниҳои оламгирро оид ба ҷамъоварии маблағ ташкил намоем, - мегӯяд президенти  ниҳод Ҷанни Инфантино.

ҶОМИ ҶАҲОН – 2018. МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ОН ФУРӮХТА ШУД
Тибқи иттилои сомонаи Julien's Auctions, медали тиллои Ҷоми ҷаҳон – 2018 (Россия) дар музояда бо арзиши 65 ҳазор евро фурӯхта шуд.
Чуноне медонем, медали тиллои мусобиқаи бонуфузро мунтахаби Франсия пас аз пирӯзӣ бар тими Хорватия (4:2) ба даст оварда буд. Номи фурӯшанда ва харидор хабар дода нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан медалҳои тиллои чемпионатҳои ҷаҳони солҳои 1994 ва 2002 низ фурӯхта шуда буданд.

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 228
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед