logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

Дар ноҳияи Лахш баҳри пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус бо роҳбарии раиси ноҳия Баротзода Файзулло Раҷаб ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони муассисаву идораҳои маҳаллӣ гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ ташкил гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ бо усули «хона ба хона», суҳбатҳои сарироҳӣ ва тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ бомаром идома доранд.
Тавре Хуршед Икромов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, иттилоъ дод, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19, дар баробари кормандони соҳаи тандурустӣ тамоми сохторҳои ноҳиявӣ ҳамарӯза  дар  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сокинонро аз муоинаи тиббӣ гузаронда, тавсияҳои табибонро ба онҳо расонда истодаанд. Баҳри таъмини амнияти солимии аҳолӣ аз 1 апрели соли ҷорӣ рафтуомад тавассути гузаргоҳи Қаромиқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон қатъ карда шудааст.
Инчунин, аз ҷониби бахши кор бо занон ва оила, шӯроҳои занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 20 гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки бо занон вохӯрию суҳбатҳо баргузор карда, ба онҳо маводи иттилоотӣ пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин,  ҷиҳати пурзӯр намудани тадбирҳои пешгирӣ аз бемории мазкур дар бемористони марказии ноҳия барои беморон 300 кат ҷудо гардидааст.
То имрӯз, дар маҷмӯъ, гурӯҳҳои кории ноҳия 39144 нафарро ба муоина, суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта, ҳамзамон, 6500 маводи иттилоотӣ ва 1500 ниқоби тиббӣ ройгон ба сокинон дода шуд.

Гулнисои САЪДОНШО,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 258
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед