logo

ҳуқуқ

85 800 СОМОНӢ ҶАРИМА ҲУКМИ ЯК ЗАМИНФУРӮШ

Суди ноҳияи Ёвон Нурмаҳмад Жураев, собиқ муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин гунаҳкор эълон кард. Нисбат ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисмҳои 3 ва 5 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 85 800 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ дар соҳаи замин ба муҳлати 3 сол таъйин гардид.
Тавре аз суди ноҳияи Ёвон ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, Нурмаҳмад Жураев қаблан бо моддаи 3381 қисми 2 банди «в» ва моддаи 3381 қисми 2 бандҳои «а,в»-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда буд. Ӯ аз ин хулосаи лозима набароварда, дар давраи фаъолияташ даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва такроран ғайриқонунӣ додани қитъаи замин задааст.
Номбурда ҳамчун муҳандис - заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти  Нави ноҳияи Ёвон моҳи октябри соли 2014 дидаю дониста, ки ваколати ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигиро надорад, ба боварии шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов, сокини ноҳия даромада бо роҳи фиреб барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,16 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 5000 доллари ИМА талаб кардааст. Ҳамон моҳ аз ӯ 3500 долларро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Ӯ амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, моҳи феврали соли 2019 барои воқеан ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигии ваъдакардааш, аз У. Шамсиддинов боз 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ҳамчунин, моҳи марти соли 2019  Нурмаҳмад Жураев ғайриқонунӣ 0,08 гектар қитъаи замини тарҳи 56-и корами обии мансуб ба хоҷагии деҳқонии «Оғабек»-и ҷамоати зикршударо ба У. Шамсиддинов ҳамчун замини фонди наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст, ки шаҳрванд дар он корҳои сохтмонии таҳкурсии иҳотавии атрофи заминро анҷом додааст. Дар маҷмӯъ, Нурмаҳмад Жураев аз шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов бо роҳи қаллобӣ беш аз 47 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ зарари калон расондааст. Ин дар ҳолест, ки вазифаи хизматии Нурмаҳмад Жураев ҳамчун муҳандис-заминсоз назорати самараноки истифодаи қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии ҳудуди ҷамоат буд, на заминфурӯшӣ. 
Уктамҷон Шамсиддинов аз амалҳои фиребкорона ва ғайриқонунии муҳандис-заминсози ҷамоат Нурмаҳмад Жураев огоҳ шуда, бо ариза ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Дар рафти баррасии ариза, Нурмаҳмад Жураев 3500 доллари ИМА, 30 000 сомонии барои ҷудо кардани қитъаи замин гирифтааш ва 7500 сомонии барои иҳотадевори атрофи замин сарфкардаашро ба ӯ пурра баргардондааст. Яъне, судшаванда зарари ба шаҳрванд расондаашро, пурра барқарор ва дар ин хусус аризаи хаттӣ ба суд пешниҳод намудааст.
Суд аз ҷониби Нурмаҳмад Жураев дар рафти тафтишоти пешакӣ пурра барқарор кардани зарарро ба инобат гирифта, ба ӯ дар доираи санксияи моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 3381 қисми 2 бандҳои “а,в”-и Кодекси ҷиноятӣ ҷазоро дар намуди ҷарима ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин кард.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2020    №: 99    Мутолиа карданд: 599
26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО

НОБОЛИҒОН. ҚОНУНШИКАНӢ ҲАНӮЗ АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

ОЗАРБОЙҶОН ВА АРМАНИСТОН ОТАШБАС ЭЪЛОН НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” АСРОРИ ДУШМАНИВУ ХОИНИРО ИФШО КАРД

12.10.2020


ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ - 2020. ФУТЗАЛБОЗОНИ ТОҶИК БАРОИ ИШТИРОК ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.10.2020


БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

ҲАВЗАИ ИШКОШИМ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед