logo

иқтисод

«НИҲОЛШИНОНӢ ҲАНӮЗ БОҒДОРӢ НЕСТ». ВАЗОРАТ МАҚОЛАРО БАРРАСӢ НАМУД

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Ниҳолшинонӣ ҳанӯз боғдорӣ нест» - ро ки аз 16 марти соли равон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» № 55 (23910) нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҳақиқат шароити обу ҳаво ва хоки ҷумҳурии мо барои парвариши аксар дарахтони мева ва ток мувофиқ аст. Дар сурати интихоби дурусти авлод ва навъҳои дарахтони меваю ток, вобаста ба шароити минтақаҳои боғдорӣ ва риояи дурусту саривақтии чорабиниҳои агротехникӣ ҳосили баланду сифатнок гирифтан мумкин аст.
Тибқи маълумоти оморӣ, то моҳи январи соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагирдории ҷумҳурӣ майдони боғҳо ба 160533 гектар ва токзор 38570 гектар расидааст. Наздики 108 ҳазор гектар боғ ва 34 ҳазор гектар токзор ҳосилдиҳанда мебошад.
Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 720924 тонна меваю ангур ҷамъоварӣ шуд. Ба ҳисоби миёна, ҳосилнокии мева 44,1 ва ангур 73,2 сентнер аз ҳар  гектарро ташкил дод.
Давоми панҷ соли татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» 17500 гектар боғу токзор бунёд ёфт ва аз ин 502 гектар интенсивист. Аз ҷумла, соли ҷорӣ 1447,7 гектар боғ ва 328,7 гектар токзор ташкил гардид. Инчунин, кишоварзон 63,3 гектар боғи интенсивӣ бунёд ва 1710 гектар боғу токзорҳои куҳнаро аз нав барқарор намуданд.
Омӯзиш ва таҳлили ҳолати фитосанитарии боғу токзорҳои ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки зараррасонҳо, аз ҷумла кирми себ, сипарболакҳо (калифорнияӣ ва бунафш), тортанакканаи меваҳо, ширинчаҳо, кирми хӯшаи ангур ва аз касалиҳо гардзании себ, доғзании сӯрохи баргҳо, печидашавии барги шафтолу, монилиоз, антракноз, гардзании ангур, омили асосии коҳиш ёфтани ҳосили боғу токзор аст. Агар сари вақт бар зидди онҳо чорабиниҳо гузаронда нашавад, нисфи зиёди ҳосил талаф ёфта, сифати он низ паст мегардад.
Бинобар ин, вазорат соли гузашта барои боғпарварони вилоятҳои Хатлон 3313 литр, Суғд 1640 литр, ВМКБ 200 литр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2033 литр заҳрхимикатҳо ҷудо ва дастрас намуд. Албатта, ин миқдор заҳрхимикат барои муборизаи ҳаматарафа бурдан бо касалию зараррасонҳо нокифоя аст. Аз ин рӯ, минбаъд тадриҷан миқдори доруҳои ҷудошаванда зиёд карда мешавад.
Ҳамчунин, ба хотири баланд бардоштани малакаи роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ дар самти боғдорӣ оид ба мубориза зидди касалию ҳашаротҳо аз ҷониби мутахассисони Вазорати кишоварзӣ ва олимони соҳа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун кумакҳои машваратӣ семинар – машваратҳо гузаронда мешаванд. Бовар аст, ки тариқи ба омӯзишу машварат фаро гирифтани боғдорони кишвар вобаста ба мубориза бо зараррасонҳо ҳосилнокии дарахтони мева ҳифз ва рушди истеҳсолоти маҳсулоти соҳа хуб таъмин мегардад.
Вазорат бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои судманд бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» миннатдорӣ менамояд.

С. КАРИМЗОДА, муовини якуми вазири кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2020    №: 99    Мутолиа карданд: 256
25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

«АМОНАТБОНК». РАИСӢ ДАР ИТТИҲОДИ БАЙНИБОНКИИ СҲШ

ДДЗТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

12.11.2020


КФО

МОСКВА БАРОИ ЁРӢ БА СУРИЯ БЕШ АЗ $1 МИЛЛИАРД ҶУДО НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.11.2020


БУНЁДИ 532 ИНШООТИ ТИББӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед