logo

Хабарҳо

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

«Правда Востока». Ба гуфтаи сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии вирусологияи вазорати тандурустӣ Хайрулло Мустафоев, ҳавои гарм метавонад пеши коронавирусро гирад.
- Ҳавои мамлакат торафт гарм шуда истодааст. Дар чунин шароит вирус инкишоф ёфта наметавонад, - тавзеҳ дод олим. Ба ақидаи ӯ, беҳтарин ҳарорат барои мавҷудияти коронавирус 5 – 8 дараҷа селсия ва на камтар аз 60 дарсад намӣ ба ҳисоб меравад.
- Дар кишвари мо иқлим хушку гарм аст. Умуман, ҳама бемориҳои шамолхӯрӣ дар давраи гармо ҳамеша аз байн мераванд, - афзуд вирусшинос.


ҶОНСОН ПУТИНРО БА ҲАМОИШ ДОИР БА ВАКСИНАИ КОРОНАВИРУС ДАЪВАТ НАМУД
ТАСС. Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон Президенти Россия Владимир Путинро ҷиҳати иштирок дар Саммити сеюми глобалӣ оид ба ваксинаҳои  COVID - 19 расман даъват кард, - хабар медиҳад сафорати Британия дар Москва.
Ҳукумати Британия нақша дорад, ки Global Vaccine Summit 2020 - ро 3 – 4 июн баргузор намояд. Дар он коршиносон беҳтарсозии низоми тандурустӣ ва мубориза алайҳи коронавирус дар иддаи кишварҳои қашшоқтарини ҷаҳонро баррасӣ мекунанд.


НАМОЯНДАИ ИТТИҲОДИ АВРУПО АЗ «ФАРОРАСИИ АҲДИ ОСИЁӢ» ДАРАК ДОД
INTERFAX.RU. - Осиё дар қарни XXI дар корҳои байналмилалӣ нақши ҳарчи боризтар хоҳад бозид, - изҳор дошт намояндаи воломақоми Иттиҳоди Аврупо оид ба умури хориҷӣ Жозеп Боррел.
«Дар ҷаҳони бесарвари имрӯзае, ки мо ба сар мебарем, Осиё ҳам аз нуқтаи назари иқтисод ва ҳам амнияту технология саҳми беш аз пеш муҳимтар хоҳад гирифт. Таҳлилгарон кайҳо аз фарҷоми низоми амрикоӣ ва фарорасии давраи Осиё мегӯянд. Он ҳамин ҳоло дар пеши чашмамон ба вуқӯъ мепайвандад», - афзуд Боррел дар видеоконфронси дипломатҳои Олмон.
Ба гуфтаи ӯ: «Агар асри XXI осиёӣ гардад, чуноне асри ХХ асри амрикоӣ буд, пандемияро метавон ба сифати лаҳзаи гардишии ин раванд ба хотир овард».


АМА ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ МАҲДУДИЯТҲОРО КОҲИШ МЕДИҲАНД
«Россия 24». Олами араб тадриҷан ба зиндагии муқаррарӣ бармегардад. Имрӯз дар Дубай фаъолияти иқтисодӣ аз нав шурӯъ мешавад.
Дар аморат боз кинотеатрҳо ва толорҳои варзишро мекушоянд. Онҳо метавонанд аз 6-и субҳ то 11-и шаб кор кунанд, ба шарте ки муштариёнашон ниқоб баста, фосилаи  2  метрро риоя намоянд.
- Аз 28 май маҳдудият дар Арабистони Саудӣ низ тадриҷан бардошта мешавад, - гуфт вазири тандурустӣ.
Ин кишвар дар олами ислом аз ҷиҳати сирояти коронавирус дар ҷои якум қарор дорад: 75 ҳазор нафар мубталои ин беморӣ шудааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 239
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед